ПАНДУ АНДАРЗҲОИ ИБРАТОМЕЗ АЗ ЗИНДАГОНИИ ҲАСАНИ БАСРӢ

 

Аз Ҳасани Басрӣ пурсиданд:-» асрори зоҳидиатон дар чист? Ӯ гуфт: Ман донистам , ки ризқи ман ба ғайри  худам насиби ҳеҷ кас намешавад, дар натиҷа қалбам аз ризқ осуда шуд. Ман донистам, ки амаламро танҳо худам мекунаму ба ҷои ман ҳеҷ кас онро ба аҷом расонида наметавоанд ва бо он худам машғул шудам. Ман донистам, ки Аллоҳ маро назорат мекунад ва дар ҳолати гунаҳкорӣ ба Ӯ вохӯрдан  ор кардам. Ва ман донистам, ки марг мунтазирам аст ва ба вохӯрӣ бо Офаридагор тайёрӣ дидам.
Ҳасани Басрӣ мегӯяд: Ҳофизони Қуръон се тоифаанд. Якум : Қуръонро ҳамчу мол меомӯзад.  Сипас, аз одамон чизеро таъма карда онро аз як шаҳр ба шаҳри дигаре бардошта мегардад.
Дуввум : Ҳуруфоти Қуъонро ҳифз мекунад. Сарҳадҳои онро зоеъ мекунад. Бо туфайли он сазовори таҳнияту эътибори мансабдорон мешавад. Ва бо илми худ нисбати одамон такаббур менамояд.
Саввум: Онест, ки  барои омӯхтани мазмуни Қуръон ҷаҳд менамояд ва ҳифз мекунад.  Бо баробари даъвату ибодат ӯ ба Қуръон амал мекунад. Ана ҳамон тоифа беҳтарини ҳофизҳост.

Ҳасани Басрӣ мегӯяд: Ҳаловатро дар се чиз ҷӯед: намоз, Қуръон ва дуо. Агар онро биёбед ҳифз намоед ва ба Аллоҳ ҳамд гӯед.  Мабодо онро наёбед бидонед, ки дарҳои хайрот бароятон баста аст.

Ҳасани Басрӣ мегӯяд: Пешқадамтарини мухлиси Қуръон онест, ки онро нахонад ҳам ба он амал мекунад.
Боз мефармояд:  Модоме, ки туро аз мункр бозмедорад, Қуръон бихон. Агар нагардонад маълум мешавад, ки ту нахонда истодаӣ.

Дар бораи Ҳасани Басрӣ чунин ривоят мекунанд. Ӯ мегӯяд: шумо дар хонаатон, дар болои дастурхон, дар роҳ , дар бозор, дар маҷлисҳо ва дар ҳар куҷое, ки набошед истиғфор гӯед. Зеро шумо кай омадани мағфиратро намедонед

Назардошт