Қисса дар бораи…

ҚИССА ДАР БОРАИ АСВАД ИБНИ ЯЗИД ВА АЗ АЛЛОҲ ҲАЁ КАРДАНИ Ӯ

Алқама ибни Марсад чунин гуфт: аз тобеинҳо ҳашт нафар зуҳду тақводор шуданд, яке аз онҳо Асвад ибни Язид мебошад.Ӯ дар ибодат ҷидду ҷаҳд мекард ва то кабудрангу сафед гаштани ҷасадаш рӯза медошт. Алқама ибни Қайс ба ӯ суол дод: Чаро ин қадар ҷасадатро азоб медиҳӣ? Ӯ гуфт:  Кор кори бениҳоят ҷиддӣ аст ва мехоҳам, ки ман ин ҷасадро низ икром намоям. Ҳангоми фаро расидани дақиқаҳои марг вай гирён шуд. Онгоҳ аз ӯ пурсидан, ки сабаби хавотирӣ дар чист?   Ҷавоб дод: Чаро беҳаловат нашавам, охир беш аз ман кӣ ба хавотирӣ лоиқ аст? Қасам ба номи Аллоҳ , , ки агар  аз ҷониби Аллоҳ ба ман мағфират ато карда шавад, ман  аз ҷурму гуноҳҳоям шарм медорам. Зеро дар байни Ӯву бандааш гуноҳҳои кабира бошад  ҳам Ӯ  авф менамояд-а. Асвад то ба дами марг аз Аллоҳ ҳаё кард.

Назардошт