Трамп: ИМА дар ҳайси полиси дунё боқӣ намемонад

Трамп: ИМА   дар ҳайси  полиси дунё боқӣ намемонад

«Минбаъд ИМА  дар мақоми полиси олам боқӣ намемонад»- гӯён  изҳорот дод раҳбари ИМА зимни ташрифи ғайричашмдошт ба сарзамини Ироқ.

Хабарнигори хонаи Сафед иқтибосан аз суханони Трамп чунин нигоштааст:-» Иёлоти Муттаҳидаи Амрико минбаъд полиси ҷаҳон нест. Зеро бори гарон бар  дӯши мо бор аст, ин беадолатист».

Ҳамзамон Трамп таъкид намуд, ки мамлакатҳои дигар баҳри мудофиаи хеш аз низомиёни ИМА истифода мебурданд. Инак, пас аз ин Вашингтон ба ин чиз роҳ намедиҳад.

Трамп ба тариқи илова афзуд:-» Мо дар саросари олам паҳн шудаем. Мо ҳатто ба мамлакатҳое меравем ки аксарияти мардум аз будани чунин давлат бехабаранд. Воқен, хеле  хандаовар аст. Ман рост мегӯям» .

 Қобили қайд аст Трамп шабеҳи ингуна баёнотро дар гузашта низ эълон карда буд. Дар моҳи апрели соли равон  вай бо раисиҷумҳури Нигерия Муҳаммад Бухарӣ нишасти иттилоотии муштарак анҷом дода буд. Вай зимни суханронӣ маълум кард, ки ИМА дар давоми даҳ соли охир баҳри ҳифзи сулҳу суботи олам маблағи калон сарф кардааст, вале  феълан  ин устувортарини вазоиф ба шумор намеравад.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт