Домой Аврупо Макрон: Бигзор Трамп ба сиёсати Фаронса бинӣ нахалонад

Макрон: Бигзор Трамп ба сиёсати Фаронса бинӣ нахалонад

19
0

Макрон: Бигзор Трамп ба сиёсати Фаронса бинӣ нахалонад

 Аз санаи 17 ноябр инҷониб   дар Фаронса ба сабаби боло рафтани нархи сӯзишворӣ гирдиҳамоии » Камзӯлдорони зард» мудовимат дорад. Рӯзафзун байни исёнгарон ва кормандони полис задухӯрд ба миён омада, пойтахти Порис ба як майдони ҷанги пурдуду ғубор мубаддал шуда истодааст.

Намоишгарон  бо шиори » Сарватмандҳо боз ғанитар шуда истодаанд ва шаҳрвандони миёнаҳол ва пастдаромад торафт  зиндагонии қашшоқона доранд» баромад мекунанд.

Гарчанд ҳукумати Фаронса нархи сӯзишвориро паст кардааст, вале аз ду сар исёни намоишгарон хомӯш нашудааст. Аз бесарусомонии шадид ҳукумати Фаронса сахт ҳаросида  бо андешаи ягон чора артишро ба кӯчаҳо баровард. Намоишгарон  истеъфои  Президенти Фаронса Эмануэл Макронро талаб мекунанду  ҳамвора мегӯянд: »  Мо фақат нонрезаро не, балки худи нонро мехоҳем, нони бутун мехоҳем!».

Президенти ИМА Доналд Трамп  дар хусуси  тазоҳуроти Фаронса ибрози назар карда гуфт, ки ҳолати Фаронса далели беқадрии «Шартномаи иқлим»-и Порис мебошад.

Трамп дар саҳифаи Твиттер чунин нигошт:-» Таасуфовар аст, ки шартномаи Иқлими Порис барои Фаронса ягон   беҳбудӣ наовард. Ҳоло ҳанӯз дар саросари Фаронса тазоҳурот идома дорад. Мардум ба хотири муҳофизати гирду атроф ба мамлакатҳои олами саввум миқдори калони маблағро намедиҳанд. Онҳо «Мо Трампро мехоҳем !»- гуфта истодаанд. Ман Фаронсаро дӯст медорам».

Чунончӣ , Трамп дар изҳороти худ масъалаи таъсиси артиши муштаракро, ки  ба тартиби рӯзи Иттиҳоди Аврупо ворид карда шудааст,  илова намуд. Фикри таъсиси «артиши муштараки Иттиҳоди  Аврупо»-ро  айнан ИМА маълум кард ва яке аз аввалинҳо шуда Олмон вайро дастгирӣ намуд.

Трамп чунин твит гузошт:-» Ғояи таъсиси артиши Аврупо дар ҷанги Якум ва Дуюми  ҷаҳон ягон натиҷа надод. Аммо ИМА шуморо пуштибонӣ кард ва ҳамеша  пуштибони шумо хоҳад буд. Мо аз шумо фақат як дархост дорем, чизе ки бар дӯш доред ( яъне қарзи худро) ба НАТО пардохт кунед. Барои ҳимояи Аврупо ИМА 4,3 дарсади даромади миллиро адо мекунад. Олмония бошад, аз буҷаи худ ҳамагӣ 1 фоизашро медиҳаду халос. Магар ин аз рӯи адолат аст?!».

Ба баёноти президенти ИМА Доналд Трамп, ҳукумати Фаронса филфавр посух дод: -» Трамп  ба сиёсати Фаронса Бинӣ нахалонад!» — омадааст дар изҳороти ҷавобии маъмурияти Порис.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here