Путин  барои тақвият бахшидани  суверенитети Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё фаро хонд

Путин  барои тақвият бахшидани  суверенитети Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё фаро хонд

 Президенти Русия Владимир Путин ба аъзои иттиҳоди иқтисодии Авруосиё  ҷиҳати нави ҳамкориро пешниҳод кард. Ба андешаи Путин агар созишҳои молиявӣ тақвият дода шавад, пас ин  иқдом суверенитети аъзои иттиҳоди Авруосиёро боз ҳам  қавӣ месозад.

Путин дар саммити Аврупосиё дар шаҳри Петербург нутқ эрод карда афзуд:-» Агар мо як асоси техникаи молиявии замонавӣ  таъсис диҳем ( фақат барои давлатҳои аъзо ба ташкилоти  Авруосиё) пас ин чиз барқарории системаи пардохтро комилан таъмин менамояд ва ниёзмандии моро  ба доллар ва ё ин ки дигар асъори мамлакатҳои хориҷӣ , кам мекунад».

Тавъам , президенти Русия пешниҳод кард, то ин ки барои  равуои шаҳрвандонро  имконияти беш фаро оварда , дар соҳаи тандурустӣ, таълим, туризм , варзиш ва соҳаи  фарҳанг ҳамкориҳо  тавсеа дода шавад.

Бо баробари ҳамин Путин ба масъалаи тавсеа  бахшидани алоқаҳои хориҷии давлатҳои аъзо таваҷҷӯҳ зоҳир намуд. Ба андешаи вай имзоёбии ёддошт байни иттиҳоди Авруосиё, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва мамлакатҳои Осиёи Ҷануби — Шарқӣ ( АСЕАН)  барои амалӣ гардонидани лоиҳаи ҳамкориҳои Авруосиё қадами нахустин хоҳад шуд.

Президенти Русия афзуд:-» Имрӯзҳо мо бо Хитой роҷеъ ба ҳамкориҳои савдо-иқтисодӣ  шартнома имзо намудем ва ҳамзамон ба иттилои шумо мерасонам ки байни мо ва Эрон созиши муваққати савдо соҳибэътибор шуд. Бо Сингапур, ( Исроил) ва Сербия, баъдан бо Ҳиндустон ва Миср шартномаҳои имтиёзноки савдо имзо карданӣ ҳастем ва аз анҷоми бомуваффақияти  музокирот марбути ин масоил, умедворем».

Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё дар оғози соли 2015 таъсис ёфтааст  ва ба он  аввал Русия, Қазоқистон, Белоруссия пайваст, худи ҳамон сол Арманистон ва Қирғизистон низ узви ин созмон  гардид.

 Мувофиқи шартномаи Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё байни тамоми аъзои иттиҳод додугирифти озодонаи  маҳсулот, капитал , хизматҳо ва ҳамкориҳо дар соҳаи меҳнат, савдо, энергетика, саноат, ҳоҷагии деҳот ва нақлиёт  сиёсати бомашварат ба роҳ монда мешавад.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт