Домой Афғонистон Генерали ИМА: Ҳукумати Қобул ба ҳамлаи Толибон тобовар нест

Генерали ИМА: Ҳукумати Қобул ба ҳамлаи Толибон тобовар нест

22
0

Генерали ИМА: Ҳукумати Қобул ба ҳамлаи Толибон тобовар нест

 Генерал-лейтенанти қумондони неруҳои Марказии ИМА Кеннет Маккензи , ки ба ҷои Жозеф Вотел ба вазоиф таъин гардида буд, дар  ҷаласаи қумитаи хадамоти қувваҳои мусаллаҳи Сенати ИМА баромад кард. Бино бар иттилои Маккензи , алҳол неруҳои ИМА аз Афғонистон ҳоло ҳанӯз нияти рафтан надорад ва дар пуштибонии ҳукумати Қобул мудовимат менамояд. Меккензи дар бораи Афғонистон изҳорот дода ҳамчун илова маълум кард, ки ҷараёни бошиши неруҳои ИМА дар Афғонистон ҳоло норавшан аст.

Ба иттилои генерали ИМА агар қувваҳои ИМА намебуд, барои неруҳои бехатарии ҳукумати Қобул мушкилӣ пеш меомад ва агар мабодо аз он ҷо берун раванд, онгоҳ ҳукумати Қобул дар рӯ ба рӯи ҳамлаи Толибон истодагарӣ кардан наметавонад. Ва чашмдошт аст филфавр сарнагун гардад. Вале бо вуҷуди ҳамин  Амрико нияти зиёд кардани теъдоди аскаронашро дар Афғонистон надорад.

Маркази тадқиқотии  «Стратфор»  воқеъ дар ИМА роҷеъ ба масоили Афғонистон барои соли 2019 ҳисобот  эълон намуд. Бино бар тахмини «Стратфор»  соли 2019 низ Амрико дар Афғонистон боқӣ мемонад , аммо  мавзеъгирии худро роҷеъ ба музокирот идома медиҳад.

Дар ҷараёни  гуфтушунид бо ҷумбиши Толибон амрикоиҳо дар хусуси  ихроҷи неруҳои ИМА аз кишвари Афғон ягон қарори аниқ қабул  накарданд.

Ногуфта намонад ИМА соли 2001 ҳаракати ғасбгаронаи худро оғоз намуда буд ва то ба имрӯз дастикам 1 триллион доллар ба иқтисодиёти ИМА зарар  дид ва боиси  марги даҳҳо аскарон ва маъюб шудани теъдоди зиёди сарбозон гардид. Бино бар андешаи  масъули ИМА  дар худи як соли 2018   ба ҷанги Афғонистон  аз  буҷаи ИМА бештар аз 45 миллиард  доллар  маблағ сарф шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here