Ўзбекистон ва Бритониё  ҷонибдори лоиҳаи муштарак ҳастанд

Ўзбекистон ва Бритониё  ҷонибдори лоиҳаи муштарак ҳастанд

Дар шаҳри Лондон , бо иштироки вакили махсуси президенти Ӯзбекистон оид ба масоили Афғонистон  Исматулло  Эргашев ва намояндаи махсуси Нахуствазири Бритониёи Кабир оид ба Афғонистон ва Покистон Гарет Бейлӣ , машварати Ӯзбекистон — Бритониё баргузор гардид. Дар ин хусус хадамоти матбуотии ВУХ иқтибосан аз хабари  “Sputnik” маълум кард.

 Зимни вохӯрӣ масоили  авзоъи Афғонистон ва манотиқи ҳамсояи он, ҷараёни тайёрӣ ба музкороти байни афғонҳо ва саъй-ҳаракатҳои марбути ин масъала, мубодилаи афкор карда шуд.

 Санаи 27 марти соли 2018 дар  шаҳри Тошканд конфоронси байналмилалии бонуфуз доир ба Афғонистон   баргузор гардида,  бо мавзӯи «Ҷараёни сулҳ, ҳамкорӣ дар соҳаи бехатарӣ ва ҳамшарикии минтақавӣ»  эътимоднома қабул карда шуда буд. Дар мулоқоти имрӯза  ба амалӣ гардонидани ин эътимодномаи марбути  ҳамкорӣ , таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардид.

Дар хабар омадааст:-» Ӯзбекистон  байни «Толибон» ва неруҳои сиёсии Афғонистон ҳамчун кӯмакрасони асосӣ саҳмгузорӣ мекунад ва ин иқдоми Ӯзбекистонро ҳам  Бритониё ва ҳам ҷомеаи Ҷаҳонӣ дастгирӣ хоҳад кард. Ҷониби Бритониё дар амалӣ гардонидани лоиҳаи иҷтимоӣ -иқтисодӣ,  рушди соҳаи таълим дар кишвари Афғонистон,  завқманд аст».

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт