Тавре ки дар Сурия рӯй дод, Русия бояд ба Афғонистон низ ҷалб карда шавад

Тавре ки дар Сурия рӯй дод, Русия бояд ба Афғонистон низ ҷалб карда шавад

Бино бар иттилои ноиби нахуствазири Афғонистон Муҳаммад Муҳаққиқ , Русия дар эътидоли авзои Сурия  нақши бу  худ хос иҷро  намуд. Ба фикри вай дар барқарории вазъияти Афғонистон низ Русия метавонад саҳмгузор шавад.

Муҳаққиқ  ба ожонсии » Спутник» гузориш дода гуфт:-» Русия мамлакати  муқтадир аст, дорои собиқаи арсаи байналмилалӣ мебошад. Дар давоми ҷанги Сурия мо ҷонбозиҳои  артиши Русро мушоҳида кардем. Аз ин лиҳоз мутмаъинам ки дар Афғонистон ҳам саҳмгузор хоҳад шуд. Вале онҳо бояд ба аксари ҳолатҳо таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд, то ин ки  аз имкониятҳои  Русия  бар зидди барқарории Афғонистон истифода бурда нашавад».

» Ҳукумати Афғон Русияро ҳамчун дӯсти наздики хеш медонад. Вай  тӯли 18 сол ба вазъияти Афғонистон муносибати одилона дошт. Чунончӣ Русия дар арсаи минтақавӣ ва байналмилалӣ давлати абарқудрат ба шумор меравад. Агар моро пазироӣ намоянд, ҳатман аз Русия боздид хоҳем кард»- гӯён илова кард ӯ.

 Ҳамзамон Муҳаққиқ аз муносибати тунди баёни Иёлоти Муттаҳида , ҳукумати Афғонистон ва Русия изҳори нигаронӣ намуд ва аз паёмади  нохуши ин ҷараён огоҳ кард. Ба андешаи вай тамоми олам бояд ба барномаи сулҳ розӣ бошанд.

Муҳаққиқ ҳини суханронӣ афзуд:-» Ман ба Ҷаноби Халилзод машварат дода гуфтам, ки  ҳангоми баррасии лоиҳаи сулҳ, ин кор набояд яктарафа ҳаллу фасл гардад, балки иштироки аҳзоби дохилии Афғонистон ва вакилони давлатҳои ҳамсоя ҳатмист».

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт