Домой Ахбори умумӣ Сафоратхонаи Туркия байни Ӯзбекистон ва НАТО миёнаравӣ мекунад

Сафоратхонаи Туркия байни Ӯзбекистон ва НАТО миёнаравӣ мекунад

17
0

Сафоратхонаи Туркия байни Ӯзбекистон ва НАТО миёнаравӣ мекунад

Минбаъд сафоратхонаи Туркия барои барпои алоқаҳо байни Ӯзбекистон ва НАТО ваколатдор аст.  Қабл аз ин чунин вазифаро сафоратхонаи Латвия бар дӯш дошт. Дар хабари ӮзА  омадааст:-» Дар мобайни солҳои 2019-2020 сафоратхонаи Туркия байни Ӯзбекистон ва НАТО миёнаравӣ мекунад».

Тибқи хабарҳо имрӯз дар Тошканд маросими супурдани   ин ваколат аз ҷониби сафоратхонаи Латвия ба сафоратхонаи Туркия, ҷараён дошт.

Бино бар иттилои сафири Фавқулодда ва мухтори Туркия дар Ӯзбекистон Аҳмет Башар Шен сафоратхонаи Туркия дар Тошканд соли гузашта  ба  маркази НАТО дар Брюссел  муроҷиат карда гирифтани вазифаи иҷрокунандаи ваколатдориро дархост карда буд. Ва ин дархост қабул гардид.

Аҳмет Башар Шен гуфт:-» Ӯзбекистон мамлакати ҳамзабони мо аст ва бароямон дорои аҳамияти муҳим мебошад. Чунончӣ Ӯзбекистон барои НАТО низ яке аз мамлакатҳои муҳим ба шумор меравад. Чунки НАТО мехоҳад тавассути Ӯзбекистон бва кишвари Афғонистон ёрии башардӯстона ирсол намояд».

«Мо дар ин соҳа муваззаф ҳастем  ҳамчун як кӯпруки  байни Ӯзбекистон ва НАТО бошем, яъне барои  мубодилаи маълумоти байни онҳо имконият омода созем» — мегӯяд Аҳмет Башар Шен.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here