Шоҳ Салмон: Мо барномаи “Исломи мӯътадил”-ро қабул  дорем

Шоҳ Салмон: Мо барномаи “Исломи мӯътадил”-ро қабул  дорем

 Шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон Ибни Абдулазиз ба  ҳафтумин сессияи машваратии Шӯро раҳбарӣ кард. Ин ҷаласа бо мадҳияи шоҳигарӣ ифтитоҳ шуда дар он валиаҳди шоҳзода Муҳаммад Ибни Салмон низ ширкат варзид.

Шоҳ Салмон дар нутқи худ таъкид кард, ки шоҳигарии Саудӣ ҳамасола  аҳкоми Шариатро татбиқ менамуд ва минбаъд низ чунин хоҳад монд. Ба қавли вай Саудия »  Исломи мӯътадил» ва арзишҳои » рафоқати  байнидинӣ»-ро қабул дорад.

Пӯшида нест валиаҳди шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон аз бозе ки валиаҳд таъин гардид,  муносибати неки худро ба Исломи мӯътадил ҳар замон такрор  карда меояд.

 Ба андешаи Шоҳ Салмон ибни Абдулазиз  Арабистони Саудӣ масъалаи Фаластинро яке аз масоили ҳалталаб медонад ва муборизаро алайҳи терроризм ва экстремизм идома хоҳад дод.

 Соли 1930  оилаи Саудӣ бо ибтикори англисҳо алайҳи давлати Хилофат, ки то ба минтақаи Нажд тавсеа ёфта буд, муқобил баромада, давлати Арабистони Саудиро таъсис  дода буд.  Абдулазиз Ал- Сауд  падари Салмон ибни Абдулазиз буда,  асосгузори шоҳигарии Саудӣ мебошад.

Туркистон:

 Олами куффор бо мақсади парокандасозии Мусулмонҳо, бар зидди якдигар такон додани онҳо ва аз байни Мусулмонҳо   ҷудо карда интихоб кардани пайравони худ, истилоҳҳои  гуногунро бофта баромад.

Ҳол он ин ки на  дар замони Расулаллоҳ ( саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва Саҳобагонашон (разиаллоҳу анҳум)  на дар  таърихи наздик ягон  номе шабеҳи «Исломи мӯътадил» ва  «Исломи радикалӣ»  вуҷуд надошт.

Бо забон овардани «Исломи мӯътадил» , дар назари Ғарб қабулияти арзишҳои демократӣ  ба эътибор гирифта мешавад.

Маҷаллаи  «Комментарий»-и Амрико соли 2008  дар болои «Исломчиёни мӯътадил» тадқиқот бурда ба  хулосаи пажӯҳишгоҳи  «American Enterprise» интишор карда буд. Тибқи хабари маҷалла , тадқиқот нишонаҳои асосии меъёрҳоро  меорад , ки «Исломи мӯътадил»-ро бо меъёрҳои Ғарб мутобиқ месозад.

Муҳимтарини онро мо номбар менамоем:

Қабулият ва дастгирии демократия.

— Рад намудани ғояи давлати Исломӣ

—  Эътирофи қонунбарории зидди дин

—  Эътирофи ин таҳлил: Татбиқи Шариат ба  тамоюлоти демократия мутобиқ намеояд ва ҳуқуқи башарро эҳтиром намекунад

 — Эҳтиром ҳуқуқи занон ( мувофиқи арзишҳои ҷорикардаи Ғарб)

— Эҳтироми ғайридинҳои камтеъдод

—  Нишон додани муқобилият бар террор (  мувофиқи пиндори Ғарб)

— Шуғл наварзидан бо ҳаракатҳои ифротагароӣ ва  омода накардани шароит барои  тавсеаи  терроризм

  • Ба ҷо овардани эҳтиром ба қавонини байналмилалӣ роҷеъ ба ҳуқуқи башарӣ ( аз ҷониби Ғарб муайяншуда)
  • Дар эҳтироми ҳуқуқи башарӣ роҳ надодан бар ҳаргуна маҳдудиятҳои динӣ
  • Эътироф намудани бединӣ ( яъне агар касе аз Ислом рӯй гардонад ва дини ғайрро  пайравӣ намояд ва ё ин ки умуман  ягон динро қабул накунад) ин яке аз арконҳои ҳуқуқи шахсии инсонҳост. Шахс дар интихоби дин озод аст.
  • Инкор намудани ҳаргуна қавонини ҷиноӣ ва шаҳрвандӣ ки мувофиқи Ислом бошад, мумкин нест. Қоили эҳтиром  ва пайдо кардани рағбат ба қавонини алмонӣ ( яке аз рукнҳои ҳуқуқи башарӣ аст).
  • Бунёд кардани ибодатгоҳҳои махсус барои ғайримусулмонҳо дар кишварҳои Исломӣ ( гарчи теъдоди онҳо ангуштшумор бошад ҳам) ин яке аз қонуни ҳуқуқи инсонӣ маҳсуб аст.
  • Конститутсия бар асоси қоидаҳое бояд барпо гардад ки ба дину оин рабте надошта бошад.

 Аз ин ҷост, мӯътадилӣ дар назди онҳо мутобиқ сохтани Ислом бо фарҳанги Ғарб  мебошад. Аслан, Ислом ягона аст ва он гуногунҷабҳа намебошад. Радикалӣ ва  мӯътадилӣ ки онҳо  исрор доранд дар Ислом нест. Аз ин лиҳоз Мусулмонҳоро раво нест ба найранги куффор фирефта шаванд ва ба ингуна истилоҳҳои қалбакӣ бовар кунанд. Баръакс воҷиб аст бар муқобили ингуна иллатҳои мубориза баранд.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт