Домой Ахбори умумӣ  Саркӯбгароии  Хитой   мусулмонҳои қазоқтабор ва қирғизҳоро   низ бенасиб нагузошт

 Саркӯбгароии  Хитой   мусулмонҳои қазоқтабор ва қирғизҳоро   низ бенасиб нагузошт

12
0

 Саркӯбгароии  Хитой   мусулмонҳои қазоқтабор ва қирғизҳоро   низ бенасиб нагузошт

Бино бар иттилои пахшкардаи  «Радиои озодӣ», ҳукумати худкомаи Хитой дар мубориза зидди Ислом ва мусулмонҳо шаҳрвандони қирғизтаборро низ  мавриди саркӯбгароӣ  қарор дод. Чанде пеш алайҳи миллати Қазоқ амалиёти саркӯбгарона  анҷом дода буд. Занҳову мардҳоро фақат ба хотири мусулмониашон ба лагерҳои махсус  барои » аз сари тарбия кардан» мебаранд.

Пӯшида нест ки феълан ҳукумати Хитой бар зидди як тоифаи одамон не, балки алайҳи кулли мусулмонҳо набард оғоз намуд. Чандин миллион нафар мусулмонҳоро зиндонӣ кард.

Аммо гап дар сари он аст, ки тамоми аҳли олам дидаву шунидаву дониста истода дар рӯ ба рӯи ингуна беадолатӣ, қатлу куштори бераҳмона хомӯширо ихтиёр намудаанд.

Теъдоди зиёди пиронсолони барҷомонда ва кӯдакони ноболиғ дар ҳолати қашшоқӣ умргузаронӣ доранд.

Азбаски миллатҳои Қазоқ ва Қирғиз  пайравони дини Ислом ҳастанд, онҳо низ аз шиканҷаи оммавии  даҳриён бенасиб намонданд. Қисме аз онҳо тавонистанд бо ҳаргуна васила ҷониби Қазоқистон ва Қирғизистон убур намоянд, боқимонда беному нишон гум шуданд. Аз рӯи баъзе маълумотҳо даҳҳо ҳазор боздошт карда шуд ва  дар ҳолати мармуз ғайб заданд.    Намояндагон мақомоти қудратӣ онҳоро сӯи самти номаълум бурд. Ҳоло ҳанӯз  дар бораи будубошти онон маълумоте дастрас нест.

Ҳукумати Қазоқ ба Хитой бо фиристодани  нота  кифоя карда бошад ҳукумат Қирғиз ҳатто ба ин чиз ҳам ҷуръат накард! Аз ин мебарояд ҳукумати Қирғиз ҳаргиз намехоҳад муносибати байни  Қирғизистон ва Хитой осебпазир гардад. Баръакси он, ба ҳукумати Хитой рӯзафзун имтиёзҳои васеъ фароҳам оварда истодааст то ин ки бештари заминҳоро соҳибӣ кунад.

Ҳатто тоифаи миллатгарои Қирғиз ки бонг зада худро дӯстдори меҳану миллат муаррифӣ мекунанд,  ақаллан ягон бор ба таври расмӣ вокуниш накарданд ва дар хусуси  истибдоди аз сар гузаронида истодаи ҳаммилатшона ҳарф назаданд!

Ҳукумати Хитой бошад исрор дорад ки «мо Ислом ва мусулмонҳоро аз сари нав тарбия карда истодаем». Ҷомеаи ҷаҳонӣ, раҳбарони кишварҳои исломӣ  ва ҳатто пешвоёни дин низ ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ надода истодаанд. Мебоист ки масъулин таваҷҷӯҳи ҷомеаро сӯи ҳукумат нигаронида  ҳукуматҳоро барои вокуниш алайҳи шиканҷаҳои Хитой такон медод. То ин ки ҳама гирди як фикри муштарак сарҷамъ шаванд ва бигӯянд ки «бояд ҳаргуна алоқаҳоро бо Хитой барканем ва ба пеши онҳо шартҳои зарурӣ бимонем! «.

Биёед бародарони гиромӣ,ба қадри тавон  аз  соҳибони салоҳият талаб намоем то ин ки бо Хитой рафоқатро баркананд. Ҳадди ақал ҳукуматҳоямон  дифоъ аз амнияти миллӣ ва динии бародарони ҳамдинамон намоянд ва аз Хитой бас кардани шиканҷаро талаб кунанд!

 Дар шарти худ истодагарӣ намуда бигӯянд ки ҳаргуна муомилоти манфиатовар фақат дар ҳоле муддавом мегардад ки шартҳоямон қабул шавад.

Бародарон, шояд бо ҳамин иқдомамон ба миллионҳо тан  мусулмонҳои мазлум  ёрӣ расонем ва  аз ҷавобгарӣ роҷеъ ба ин муаммо  назди Худо сабукдӯш гардем!!!

Абдураззоқ.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here