Домой Афғонистон Раҳбари Ситоди ИМА : Толибон мағлуб нашуд

Раҳбари Ситоди ИМА : Толибон мағлуб нашуд

60
0

Раҳбари Ситоди ИМА : Толибон мағлуб нашуд

Раҳбари Ситоди кулли ИМА генрали Жозеф Дундфорд дар форуми бехатарии «Ҳалифакс», ки дар Канада ташкил карда шуд, нутқ эрод намуда роҷеъ ба фаъолияти Толибон ибрози андеша намуд. Ба қавли вай Толибон ҳоло ҳанӯз мағлуб нашудааст. Аз рӯи иттилои Дунфорд бо ҳаракатҳои низомӣ ба ҷанги Афғонистон хотима дода намешавад.

Дунфорд гуфт:-» Онҳо ҳоло  ҳанӯз мағлуб нашудаанд. Ба фикри ман эътирофи ин ҳол аз адолат аст».

Ҳамзамон вай таъкид кард, ки ИМА , НАТО ва муттаҳидони он кӯшиш доранд бо овардани   тазйиқи сиёсӣ, низомӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ ,  ҳамин тариқ Толибонро ба паёмадҳои он мутмаъин созанд.

» Толибон дар нуқтаи маълум маҷбур ҳастанд бо мо муросо кунанд. Ба ҳар ҳол мо сад дар сад ба ин чиз боварӣ дорем. Шарт аст Толибонро зӯран  гирди мизи музокирот ҷалб намуд ва дар ин ҷода истифодаи ҳаргуна фишороварӣ калиди мувафаққиятҳо хоҳад буд»,- илова кард Дунфорд.

Ба андешаи  Дунфорд барои  муфаввақ шудан ба нуқтаи гуфтушунид бо Толибон » роҳи басо дурудароз» мавҷуд аст.

Вале намояндаи махсуси ИМА оид ба Афғонистон Залмай Халилзод дар фикри он аст, ки  дар мобайни 5 моҳ ҳукумати Афғон бо Толибон созиш мекунанд.

Вай чунин афзуд:-» 20 апрели соли 2019 дар Афғонистон интихоботи маҳаллӣ  баргузор мегардад. Ман мутмаъин ҳастам то ба он сана мо ба созиш муваффақ мешавем. Ман феълан бо ҳар кадоми тарафҳо ва гурӯҳҳои афғони  ба ин кор алоқаманд вохӯрда,  мулоқот ороста истодаам. Ба андешаи ман барои созиш ва  барқарории сулҳу субот имконият ҳаст».

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here