Вашингтон: Дар Яман бо роҳи низомӣ муваффақ намешавем

Вашингтон: Дар Яман бо роҳи низомӣ муваффақ намешавем

 Департаменти давлатии ИМА тарафҳоро  барои ҳалли мушкилоти Яман бо роҳи музокирот фаро хонд. Ба иттилои вай бо роҳи низомӣ асло ба ғалаба муяссар намешавад.

Вакили департаменти Давлатии ИМА Роберт Паладино гуфт:-» Мо ҳодисаҳои  Яманро бо таваҷҷӯҳи том мушоҳида карда истодаем».

«Вазири корҳои Хориҷӣ Майк Помпео бо андешаи он ки бо роҳи ҳарбӣ бартараф сохтани муаммои Яман ғайриимкон аст, тарафҳоро барои сарҷамъ шудан гирди мизи мудаввари музокирот  фаро хонд»- илова кард ӯ.

Ба андешаи Паладино , ҳукумати ИМА аз  ҳаракатҳои густохонаи  Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб ва расмиёни Яман изҳори нигаронӣ мекунанд. Зеро онҳо зерсохтори Яманро зеру забар сохта бо ҳамин васила роҳҳои  кӯмаки башардӯстонаро халалдор намуданд. Аз ин лиҳоз, Вашингтон тарафайнро барои   ҷорӣ кардани қарори оташбас фаро мехонад ва сафири СММ дар Яман Мартин Гриффитсро барои дастгирии ҳалли  муаммо бо роҳи осоишта даъват мекунад.

Вале раҳбари ҷамоаи «Ансоруллоҳ» Абдумалик ал- Ҳусӣ гуфт, ки   мудовимати ҷанги Яман ба мавзеъгирии Вашингтон иртибот дорад. Агар Амрико бихоҳад ҷанг дар як лаҳза  хотима меёбад.

«Мудовимати ин ташаннуҷ ба истори Амрико вобаста аст, агар Амрико ҷонибдори оташбас бошад, онгоҳ ҷанг дарҳол бозмеистад»,- мегӯяд Абдулмалик ал- Ҳусӣ.

Ба андешаи раҳбари ҷамоаи «Ансоруллоҳ», дар ҷанги Яман, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нақши асосӣ  мебозад.

«Амрико дар амалиёти низомӣ алайҳи халқи мо нақши асосиро дорад. Амрико нозири ҷанг аст ва фақат вай ҷангро идора карда истодааст ва тавъам дар  вайронкорӣ, таҷовуз ва ҷиноятҳои ваҳшатнок даст дорад».

«Ногуфта намонад Вашингтон нақшаи ҳамаи амалиётҳои низомӣ, тамоми ҷиноятҳои хунинро тарҳрезӣ мекунад ва Арабистони Саудӣ ва Аморати Муттаҳидаи Амрико аслиҳаи дасти ИМА мебошад»- гуфт Абдулмалик ал-Ҳусӣ.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт