Домой Афғонистон “Толибон» намехоҳад бо ҳукумати Афғонистон машварат кунад

“Толибон» намехоҳад бо ҳукумати Афғонистон машварат кунад

64
0

“Толибон» намехоҳад бо ҳукумати Афғонистон машварат кунад

Намояндагони ҷумбиши «Толибон» намехоҳанд бо Афғонистон ба тариқи мустақим машварат намоянд. Дар музокироти роҷеъ ба масъалаи Афғонистон, ки таи ҳафтаи гузашта дар Москва баргузор гардид, вакили ҳайъати толибон Муҳаммад Аббос Станакзай ибрози андеша намуд. Аз рӯи гуфтаҳои ӯ музокирот бо роҳи осоишта бояд фақат бо иштироки ИМА баргузор гардад.  Дар ин хусус РИА «Новости» хабар дод.

Станакзай баъди анҷоми ҷаласа ба хабарнигорон чунин гуфт:-» Ин конфронс  роҷеъ ба масъалаи музокироти мустақим намебошад».

«Мо ҳукумати феълии Афғонистонро ҳаргиз эътироф намекунем ва қонунӣ намедонем. Аз ин лиҳоз мо бо онҳо машварати бевосита намегузаронем. Қобул ҳатто натавонист  ба ин конфронс намояндагони худро фиристад».

«Мехоҳем бо амрикоиҳо музокироти осоишта роҳандозӣ кунем ва аз онҳо талаб мекунем ки бигзор низомиёни хориҷӣ хоки кишварро тарк гӯянд»,- гӯён илова намуд Станакзай.

Чунончӣ вакили «Толибон» иброз дошт ки формати Москва бомуваффақият  фарҷом пазируфт ва дар ин ҷаласа  истори тарафдорони ҳамфикри толибон маълум гардид.

Вай гуфт:-» Мо барои пазироии Москва муташаккирем ва умедворем ин чорабинӣ охирин нахоҳад шуд».

Туркистон: 

Тавре ки мегӯянд» Моргазида аз ресмони ало метарсад». Воқеан, таи чандин солҳои тӯлонӣ давлатҳои абарқудрати куффор   ба кишвари Афғонистон бо мақсади  пойдории сулҳу субот омаданду вале кори баръакси онро анҷом доданд!

Инак, Москва низ асло намехоҳад бо роҳи осоишта дар хоки Афғонистон сулҳ барпо намоянд ва бо ҳамин мақсад байни «Толибон» ва ҳукумати кунунии Афғонистон миёнравӣ намекунад!

Баръакс,мавзеъгирии Русия нисбат ба Афғонистон аз он иборат аст, ки зиддияти байни Толибон ва ИМА-ро, ҳамзамон  ихтилофи байни Толибон бо ҳукумати Афғонро ки вакили ғайрирасмии ИМА мебошад, шиддат диҳад, ба болои  оташ равған пошад. Аз ин лиҳоз,  агар машварат барпо шавад пас Русия аз музокирот фоида  мебинад.

Барқарории вазъи Афғонистон ба  созиши байни ИМА ва Толибон вобаста аст, бо мақсади  ноил гардидан ба ин созиш, ҳукумати Афғон, давлатҳои Ӯзбекистон, Покистон ва  боз  якчанд неруҳои сиёсӣ  ҷаҳд доранд. Русия низ ин иқдомро ( яъне конфронсро) гӯё бо мақсади ба эътидол овардани вазъи Афғонистон  бо роҳи осоишта, гузаронид. Лекин мақсади вай бархилофи гуфтаҳояш мебошад, вай ҳамин тариқ бо эҷод кардани вазъи хушунатомез дар минтақа, тухми ҷанги навбатиро мекошад.

Русия, соли гузашта низ ҳукумати Афғон ва вакилони ҷумбиши «Толибон»-ро ба музокирот фаро хонда буд. Ин дафъа низ гарчанд иштироки вай номаълум буд, Русия барқасд «Толибон»-ро  алайҳи ҳукумат ва ИМА сафарбар карданӣ шуд.

Агар дар Афғонистон сулҳ ҳукмфармо  шавад, яъне Толибон барои ҳамкорӣ бо ИМА розӣ шаванд, онгоҳ Осиёи Марказӣ аз таъсири Русия берун мебарояд. Зеро ИМА Толибонро бо даромади тавассути роҳи транзитӣ сарватманд мекунад. Ва  ҳамин тариқ ИМА якчанд манфиатро ба даст медарорад.

1) Барои фосид кардани фазои исломии Толибон имконияти васеъ ба даст медарорад.

2) Осиёи Марказиро таҳти таъсири хеш қарор дода, дорои имконияти бузург мешавад. Яъне  қуввати таъсиррасони Русияро дар Осиёи Марказӣ заъиф месозад.

3) Шояд Афғонистро пурра зери назорати худ гирад.  Тавре ки дар таърихи наздик дар Тоҷикистон муҷоҳидини Тоҷикистон бар сарварии Саид Абдуллоҳи Нурӣ бо ҳукумати муросо карда буд, Толибон низ андармони музокироти расмӣ хоҳад шуд. Ва дар ҳукмбарорӣ ва иҷрои он бо ҳокимият ҳамвора созиш мекунад. Ва он соатҳо оғози ҳалокати онон мешавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here