“Толибон” рӯйхати  намояндагонашро дар  вохӯрии Москва, эълон кард

“Толибон” рӯйхати  намояндагонашро дар  вохӯрии Москва, эълон кард

 Ҳаракати “Толибон”  рӯйхати намояндагонро, ки  чашмдошт аст  санаи 9 ноябри соли ҷорӣ дар вохӯрии Москва   ширкат меварзанд, маълум кард. Хотиррасон мекунем  ин ҷаласа бахшида ба ҳаллу фасл кардани муаммои Афғонистон бахшида мешавад. Тавре ки маълум гардид ҳайат аз 5 кас иборат  мебошад;

Ҳоҷӣ Муҳаммад Аббос Стоникзой, Мавлавӣ Салом Ҳанафӣ, Шайх-ул-Ҳадис Мавлавӣ Шаҳобиддин Диловар, Мавлавӣ Зиё-ур-Раҳмон Маданӣ ва Ҳоҷӣ Муҳаммад Суҳайл Шоҳин.

«Толибон» дар вохӯрӣ бо таклифи  ҳукумати Русия иштирок мекунад.

Тавре ки гуфта мешавад, «Толибон» мехоҳад дар вохӯрӣ  ба мавзеъгирии худ дар эътидоли вазъи Афғонистон равшанӣ андозад  ва барои ҳалли  муаммо бо роҳи осоишта ва ҳамдигарфаҳмӣ умедвор аст. Бар замми ин «Толибон» ҳаргиз нияти гузаронидани ягон музокирот бо ҳайати Қобулро надорад.

Қаблан  дар машваратҳо вакилони Афғонистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Хитой, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва  ИМА иштирок мекарданд. Ҳайати идораи сиёсии «Толибон» бори нахуст аст, ки  ба  ингуна вохӯрии байналмилалӣ  ширкат варзидан доранд.

Вохӯрӣ дар формати махфӣ бо иштироки  вакилони махсуси вазирони корҳои хориҷӣ, дар «Президент — отел»-и шаҳри Москва баргузор мегардад. Дар анҷоми вохӯрӣ имзо ёфтани  ягон созиш ба нақша гирифта нашудааст.

Бино бар иттилои намояндаи расмии ВУХ Русия Мария Захарова,  санаи 9 ноябр дар ҷаласаи  марбути масъалаи Афғонистон, вазири корҳои Хориҷии Русия Сергей Лавров баромад мекунад.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт