Ширкати яҳуд дар Ӯзбекистон фабрикаи мурғпарварӣ бунёд мекунад

Ширкати яҳуд дар Ӯзбекистон фабрикаи мурғпарварӣ бунёд мекунад

Раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев паиҳам изҳорот дода мегӯяд, ки дар саросари мамлакат ислоҳот ҷараён дорад. Яке аз чунин «ислоҳот»  омодагӣ барои ташкил кардани фабрикаи мурғпарварӣ мебошад ки  онро ширкати (Исроил) бар дӯш дорад. Дар ин хусус агенти иттилоотӣ хабар медиҳад.

Дар хабар омада, ки ширкати “Levia Group”-и (Исроил)  нақша дорад дар вилояти Андиҷони ҷумҳурии Ӯзбекистон фабрикаи мурғпарварӣ ташкил дода минтақаро бо гӯшти мурғ таъмин намояд. Пешбинӣ шудааст дар  фабрикаи мазкур дар як сол бештар аз 14 ҳазор тонна гӯшти мурғ омода карда барои истеъмол бароварда мешавад.

Чунончӣ бино бар хабари матбуотӣ коршиносони  (Исроил) барои бунёди фабрика худ ҷойро интихоб карданӣ ҳастанд аз ин рӯ ба вилояти Андиҷон омада бо чашми худ ҷойро аз назар  гузарониданд ва баҳо доданд. Зимни ташриф вакилони ширкати “Levia Group” ҷойи мувофиқро  дида маъқул донистанд ва феълан ширкати яҳуд лоиҳаи сохтмони фабрикаи мурғпарвариро ба ҳокимияти маҳаллӣ пешниҳод кардааст.

Баъди вохӯрӣ ширкати “Levia Group”-и Исроил барои ташкил кардани корхонаи муштарак бо ширкати «Ӯзбекозиқовқатхолдинг»- и ҷумҳурии Ӯзбекистон   созиш кард. Мувофиқи он ду компания дар ҳамкорӣ  барои истеъмоли аҳолӣ гӯшти парранда омода мекунанд. Қимати оғози сохтмон баробари 46 миллион долларро ташкил медиҳад.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт