Трамп: Қарзҳоямонро дар мобайни 6 сол  адо мекунем

Трамп: Қарзҳоямонро дар мобайни 6 сол  адо мекунем

Раҳбари ИМА Доналд Трамп бо изҳороти ғайричашмдошт баромад кард. Бино бар иддаои вай, то ба итмоми дуввумин  муддати президентиаш Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қарзи калонро ҷуброн менамояд.

Аз рӯи иттилои  рӯзномаи  «The Hill»  президенти ИМА дар ин хусус зимни суханронӣ дар чорабинии бахшида ба » таъсис додани ҷойҳои нави корӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» гуфта гузашт.

Аз ингуна бонгзании Трамп , ки гӯё дар муддати кӯтоҳ ИМА 20 триллион қарзи худро адо мекарда бошад,   нияти ӯро пай бурдан осон аст. Яъне вай  пешакӣ аз ғалаби дубораи худ дар интихоботи президентӣ  башорат медиҳад.

Аз изҳороти хонаи Сафед маълум аст, ки қарзи умумии давлатии ИМА дар  соли 2018 и молиявӣ баробари 1,2 триллион доллар боло рафта ва то ба дараҷаи рекорд, яъне 21,5 триллион доллар шудааст.

Ингуна ваъдаи Трамп бархилофи хулосаҳои мутахассисони иқтисоддон мебошад. Чунки бино бар хулосаи коршиносҳо камомади буҷаи ИМА рӯзафзун зиёд шуда истодааст. Ба қавли онон дар натиҷаи боло рафтани ҳароҷоти ҳукуматӣ,  чашмдошт аст то ба соли 2020 камомади буҷаи ИМА то ба як триллион доллар рафта расад.

Туркистон: 

Қарзи  ИМА аз давлатҳои хориҷӣ камтар аз 5% и қарзи умумиро ташкил медиҳад. Қарзи асосии вай аз они кредиторҳо ( капиталистони) дохилӣ мебошад. Яъне  эътиборан ба капиталистӣ будани мамлакат, ИМА аз мамлакати худаш қарздор аст.

Дар системаи капиталистӣ давлатро капиталистҳо ( соҳибони молияи калон) идора мекунанд.  Ба таври дигар гуфтанӣ бошем,  қисми калони МДМ ( маҷмӯъи дохидии мамлакат) ва МХМ ( маҷмӯъи хориҷии мамлакат)  мутаалиқи ҳамон капиталистҳо аст.

Чунончӣ тамоми ҷабҳаҳои даромадоварандаи  мутаалиқи давлат ва сектори хусусӣ ( истеҳсолоти   сабук ва вазнин) айнан аз тарафи  онҳо молиявӣ кунонида мешавад.

Пас, капиталистоне, ки системаи молиявиро бо маблағи худ ба  даст овардаанд,  тамоми ҷабҳаҳои манфиатоварандаи мамлакатро худ назорат мекунанд. Дар системаи капиталистӣ мулки давлатӣ бениҳоят заиф аст, аз ин рӯ худи давлат низ ба пуштибонии молии ҳамон капиталистон сахт ниёзманд мешавад.  Фарз кардем ҳаҷми қарзи МДМ давлатии ИМА ба 100% рафта расад, пас гуфтан мумкин аст ки мамлакат мулки капиталистон аст! Агар возеҳтар гуем, капиталистҳо  давлатро ҳамин тариқ ташаккул медиҳанд. Аз ин мебарояд хабари ваҳими Трамп  аз ҳолати таасуфангези системаи идоракунии ИМА хабар медиҳаду бас.  Яъне феълан зимоми идоракунӣ дар ихтиёри капиталистҳо қарор дорад ва худи давлат дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ҳамчун намояндаи расмӣ мебошаду халос. Ин ҳолат таназзули  воқеъии системаи капиталистӣ буда, мулки мамлакат дар дасти якчанд шахс   ҷамъ мешавад. Қуввати таъсиррасони мамлакат гум шуда, қавонин фақат бар фоидаи капиталистон кор мекунад. Байни шаҳрвандони мамлакат системаи иқтисодӣ ва таъминот аз қолаб берун меравад.

ИМА  феълан дар лаби ҷарӣ истодааст, яъне капитализм ба бӯҳрони табиӣ дучор омада дар арафаи сарнагуншавӣ қарор дорад. Лекин вай ҳарчанд такопӯ накунад, аздусар  аз бӯҳрони табиии системаи капиталистӣ халосӣ намеёбад. Феълан муддати бӯҳронро мехоҳад каме кашол диҳад, лекин агар таваҷҷӯҳ карда бошед ИМА на барои наҷоти системаи дунё, балки барои наҷоти худ андеша карда истодааст.

Трамп дар саросари олам бо мавзеъгирии  кам кардани харҷи молиявии ИМА  ҳаракат бурда истодааст. Вай тадриҷан аз ӯҳдадории бар дӯш доштаи худ  ҳамчун давлати раҳбарикунанда дар назди олам саркашӣ кардан дорад.  Кӯшиш дорад, ҳаргуна таъминоти молиявиро ки барои корҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои байналмилалии низомӣ масраф мешавад, бар дӯши мамлакатҳои дигар бор кунад.  Аз ин рӯ Трамп бо даҳони пур ва бо итминони комил  гуфта истодааст, ки ИМА  дар ояндаи наздик аз қарзҳояш халос мешавад.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт