Намояндагони Толибон дар музокироти Москва ширкат меварзанд

Намояндагони Толибон дар музокироти Москва ширкат меварзанд

 Санаи 9 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Москва ҷаласаи машваратӣ бахшидан ба барқарории сулҳу субот дар Афғонистон, баргузор мегардад. Ин хабарро ВУХ Русия  пахш кардааст.

Музокирот бо иштироки ноиби вазирони корҳои хориҷӣ ва вакилони махсус ҷараён меёбад. Мувофиқи нақша барои ширкат варзидан дар ҷаласа ба намояндагони махсуси Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Қирғизистон, Хитой, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон таклифномаҳо фиристода шуд.

Раисиҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ қарор дод ба ҷаласа ҳайати шӯрои олии Сулҳпарварии мамлакатро фиристад. Чунончӣ омадани вакилони идораи сиёсӣ воқеъ дар Доҳа низ  пешбинӣ шудааст.

Ҷониби Русия мутмаъин аст дар Афғонистон фақат тавассути роҳи сиёсӣ метавон тинҷӣ барпо намуд ва дар ин кор бе  кӯмаки фаъоли  мамлакатҳои дигар муваффақ намешавад ва  бояд ҳамкориҳои ҳудудии мамлакатҳои ҳамсоя  тақвият ёбад.

Дар интиҳои ҷаласа имзо ёфтани ин ё он созиш дар назар дошта нашудааст. Аз тарафи ҳукумати Русия вазири  корҳои хориҷии кишвар Сергей Лаврон  ширкат меварзад.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт