Мистер Ҷон аз Қирғизистон чӣ мехоҳад?

Мистер Ҷон аз Қирғизистон чӣ мехоҳад?

Дар яке аз муассисаҳои таълимии миёнаи вилояти Ӯш, ҷумҳурии Қирғизситон, бо ибтикори Корпуси сулҳ майдони бачагона бунёд карда шуд. Мувофиқи нақшаи Корпус волонтёри амрикоӣ Ҷон Де Лео ба сохтомони ин майдонча раҳбарӣ кард.

«Инак, таи ду сол инҷониб ман дар мактаби мазкур аз фанни забони англисӣ дарс мегӯям. Вақтҳои охир ман пай бурдам ки хонандагони ин таълимгоҳ як майдончаи  завқу бозӣ сахт ниёзманд ҳастанд. Аз ин лиҳоз ман барои татбиқи проекти мазкур камар бастам. Ингуна майдони ғайритабиӣ аз  дигар майдончаҳои маъмулӣ фарқи калон дорад. Тамоми таҷҳизоти майдонча аз ашёи хоми  табиии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва безарар сохта шудааст»- гӯён эзоҳ дод мистер Ҷон.

» Ингуна проектҳо дар Амрико ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст. Дар ин майдончаи завқу бозӣ дар баробари писарбачаҳо, духтарон низ метавонанд бемалол истироҳат намоянд»- гӯён илова кард мистер Ҷон.

Барои маълумот :

» Корпуси сулҳ — агентии мустақили  мутаалиқи ҳукумати ИМА буда, ба  сиёсат ва ба ягон дин алоқмандӣ надорад. Мувофиқи қоидаи агентӣ фидоиёни амрикоӣ ба минтақаи дилхоҳ , хоссатан ба давлатҳое ки тарзи зиндагонии мардум вазнин аст ва  ба кӯмак ниёзманд мебошанд, рафта ба одамон аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ёрдам мерасонанд.

Агар дар хусуси фаъолияти Корпуси сулҳ дар Қирғизистон гуфтанӣ бошем, пас дар ҳисоботи марбути ин Корпус омада, ки дар худи як соли 2017 Қирғизистон 25 -ин авлоди Корпуси сулҳро қабул карда, феълан  дар дохили мамлакат бештар аз 70 волонтёри амрикоӣ фаъолият мебаранд. Онҳо асосан дар соҳаи маориф ба ҳамтояшон кӯмак мерасонанд ва  барои беҳбудии вазъи иҷтимоӣ ва барои  баланд бардоштани собиқаи муалимӣ дар тарбияи насли наврас ба омӯзгорон таълим медиҳанд.  Рисолаи Корпуси сулҳ иборат аст аз  ҳифзи сулҳу субот дар рӯи замин ва тақвият бахшидани рафоқати байни одамон».

 Туркистон:

Пӯшида нест, ки шабеҳи дигар мамлакатҳои Осиёи Миёна,  дар сиёсати давлатдории ҳукумати Қирғиз низ дин аз давлат ва аз кори давлат ҷудо аст. Вале дар амал мебинем ки баръакси ин ҳол ҳукумат бар ҳаргуна арзишҳои динӣ дахолат мекунад. Ба тариқи ҷудогона аз давлатҳои ҳамсоя   ҳаргуна кӯшиши муборизаи ҳукумати Қирғизистон  алайҳи манъи талабагон аз намози ҷумъа, мубориза зидди сатр ва корҳои ба ҳамин монанд,  бесамар монд.

Аз ин лиҳоз, давлатҳои абарқудрат ҳамларо ҷониби зиёиён нигарониданд ва барои аз сари нав таълиму тарбия додани онон таваҷҷӯҳ зоҳир карданд.

Имрӯзҳо афроде  кӯмакрасони фидоӣ мисли мистер Ҷон бо фарҳанги куффор  фарзандони моро «одаму одамгарӣ» меомӯзанд. Ҳароина мистер Ҷонро маъмурияти мактаб бо хушнудӣ пазироӣ намуданд, ҳамчун халоскори содиқ , ёрдамчии беминнат донистанд. Ногуфта намонад, ки мистер Ҷон бо баробари забони модариаш аз забонҳои маҳаллӣ ба хубӣ бархурдор аст, аз ҷумла бо аксент бошад ҳам бо қирғизӣ равон сухан мегӯяд. Забони ӯзбекиро медонаду мефаҳмад.

Дар даврони Шӯравӣ моро «Худо вуҷуд надорад ( наузубиллоҳ) , мо авлоди  бӯзинаҳо ҳастем»- гӯён таълим медододанд, имрӯз бошад  ба ҷомеаи мо як фарҳанги тамоман бароямон бегона ҳазида даромада ки  бархилофи асли насли одамӣ асту  насли Мусулмонро бо фарҳанги ғайр шодоб месозад. Дар паёмади кор фарзандонамон ба ҷои ҳаёти саҳобагон, сияри набавӣ ва таърихи ҷиҳод, тарзи зисту зиндагонии овозхону рассомонро беҳтар медонанд.  Кадоме аз сароянда бо кӣ ҳамзистӣ дорад, сабаби ҷудошавии вай, дар кадом филм чӣ нақшеро офарида, иҷозатнома- литсензия доштан ва ё надоштани ӯ.. ва ҳоказоро аз ёд медонанд. Мутаасифона ин ҳама ҳолати ногувор паёмади фарҳанги пурфасоди демократия мебошад.

Агар шахси Мусулмон ягон кори нек анҷом диҳад, ба хотири ризогии Худо, бо умеди савоб ва ҷаннат ба иҷро мерасонад. Ба таври дигар гӯем,  инсон табиатан манфиатпараст аст, яъне муҳаббати инсон ба фоида ва некӣ хеле зиёд мебошад. Мехоҳад ки бар ивази як амали  нек фоидаи бештар ба даст оварад.

Пас,  то ба ин дараҷа ҷонкоҳии мистер Ҷон низ беҳуда нест.

Шумо гумон доред ин ҳамаи сайёҳоне ки равуо доранд  ба хотири тамошои манзараҳои дилфиребу ҷаззоб ба кишварҳои Осиё Миёна меоянд? Аз ҷумла дар Қирғизистон ки шаҳрҳояш начандон обод асту мардумаш аз маданияти аврупо фарсаҳҳо дур мебошанд, сайёҳон чӣ меҷӯянд? Магар тамошои ингуна шаҳру деҳоти ақибмонда барояшон манфиатнок бошад?

Табиист, онҳо яке аз аввалинҳо шуда ба аҳолии соҳибэтиқод, дорои имони қавӣ  омада, бо хизмати хирсонаашон гӯё худро ҳамчун ашхоси фидоӣ дар раҳи сулҳу субот вонамуд мекунанд, вале дар асл моро ва авлоди моро  фарҳанги пурфасод меомӯзанд

Бешубҳа, Мистер Ҷон  низ аз  зумраи онҳост.

Мунаввара

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт