Ҳукумати Хитой ба хотири  узви дохилиашон  маҳбусони Мусулмонро қатл карда истодаанд

Ҳукумати Хитой ба хотири  узви дохилиашон  маҳбусони Мусулмонро қатл карда истодаанд

 Агар   кадоме аз хитоӣ ба узви дохилии инсон ниёзманд шавад, пас худи ҳамон рӯз  яке аз беморони  ва ё маҳбусе мусулмон фавран вафот меёбад. Доктор Анвар Тоҳта дар яке аз беморхонаҳои  Урумчӣ дар ҳайси ҷарроҳ кор мекард. Вай иқрор шуд, ки шахсан худи ӯ бо ғун кардани узви дохилии маҳбусони уйғуртабор машғул буд.

Собиқ ҷарроҳи уйғуртабор ба рӯзномаи “Epoch Times” гузориш дода  маълум кард, ки узви  ботинии уйғурони маҳбус, ки дар лагери «Таълими сиёсӣ» зиндонӣ буданд, мувофиқи қарори соли 1995 бо роҳи ҷарроҳӣ гирифта мешавад, ин амалиёт барои даромади хазинаи давлат  ба фурӯш мебароранд. Ин қарор тайи чандин солҳо  аз ҷониби Компартияи Хитой дар амал ҷорӣ карда мешуд.

Бино бар гуфтаҳои Анвар Тоҳта дар бемористоне ки худи вай 23 сол қабл фаъолият дошт, бо амри ҷарроҳи калон,  узви дохилии маҳбусони уйғур, хоссатан ҷигар ва гурдаи онон зӯран бурида гирифта мешуд. Ва худи вай ҳам маҷбур мешуд ҳамин вазифаро иҷро кунад.

Тоҳта дар хусуси сиёсати таҷовузкоронаи Пекин сухан ронда комилан гувоҳӣ дод, ки Хитой ҳоло ҳанӯз дар харидуфурӯши органҳои  Мусулмонҳо мудовимат дорад. Ба қавли вай дуздида фурӯхтани узви дохилии Мусулмонҳо дар Хитой  ҳамчун кори оддӣ қабул карда мешавад ва ин ҷараён солҳои сол  идома ёфта истодааст.

Доктор Тоҳта гуфт:-»  Ҳамоно ки ба ҳукумати Хитой як «харидор» пайдо шуд ё ин ки барои фурӯхтани узви дохилии инсон талаб ба миён ояд, дарҳол ягон хитоиро қурбон мекунад ва узвашро гирифта мефурӯшад».

Шаҳрванди Қазоқистон Умар Бекаили 54 сола барои аёдати волидайн ба минтақаи уйғур рафта буд, фавран боздошт шуд ва ӯро  ба  конслагер ҳабс карданд. Аз сабаби шаҳрвандии Қазоқистон доштанаш, бо дахолати ҳукумати Қазоқ ба озодӣ баромад. Вай ба рӯзномаи “Epoch Times” гузориш дода ҳолати лагери хитоиҳоро  маълум кард.

“ Идораи Пекин  маҳбусони лагерро ба ду тоифа ҷудо намуд; Якум касоне ки дар кишвари хориҷӣ  ақрабо доранд. Дуввум касоне ки берун аз давлат ягон пайванде надоранд. Мувофиқи ҳамин табақабандӣ кормандони маҳбасхона узви дохилии маҳбусонро медузданд. Бо ҳамин усул харидуфурӯши органҳо бидунаи мамониат роҳандозӣ мешавад. Аниқтараш  уйғуронеро ки дар хориҷа хешу ақрабо надоранд, мекушанд»- изофа намуд  Бекаил.

Аз рӯи  гуфтаҳояш  ба Бекаил  шахсияти аксари Мусулмонҳо , ки  зинда ҳастанду вале қисме аз узви ботинашон гирифта шудааст, маълум аст. Вале барои бехатарии онҳо наметавонад номҳои эшонро ошкор созад.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт