Ҳолиқназар:  Мубориза алайҳи ифротгароӣ яке аз масоили муҳимтарин маҳсуб аст

Ҳолиқназар:  Мубориза алайҳи ифротгароӣ яке аз масоили муҳимтарин маҳсуб аст

 Санаи 29 октябри соли  равон дар шаҳри Тошканди ҷумҳурии Ӯзбекистон   нахустин форуми   мумайизони Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Раҳбари маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Худобердӣ Ҳолиқназар дар форуми мазкур ибрози андеша намуд. Дар ин хусус “Sputnik” хабар медиҳад.

Ба андешаи коршиноси тоҷикистонӣ, марказҳои тадқиқоти стратегии давлатҳо  пешниҳодоти худро роҷеъ ба муносибатҳои дутарафа, хоссатан доир ба муаммоҳои нақлиёт, барқӣ-обӣ, мушкилоти сарҳад омода намуда, дар ҷаласаи мумайизон мавриди муҳокима қарор медиҳанд.

Оид ба масъалаҳое ки дар дараҷаи коршиносон муҳокима шудааст барнома  омода карда мешавад . Сипас онро ба ҳукумат пешкаш мекунанд. Ҳукумат бар асоси ҳамин пешниҳодот , роҷеъ ба батартиб оварии масъалаҳои ҳалталаб  чораҳои зарурӣ  муайян менамояд.

Таъмини  амнияти минтақа, мубориза алайҳи хатарҳои экстремизм мавзӯъи асосии форум қарор дода шуд. Дар ин ҷода ҳар кадом давлатҳо дорои таҷрибаи худ мебошанд. Ба қавли коршиносон ҷилавгирӣ аз  гаравидани ҷавонон  ба гурӯҳҳои ифротӣ вазифаи аввалиндараҷа ба шумор меравад.

Ҳамзамон Худобердӣ Ҳолиқназар  маълум кард, ки бахшида ба мазмуну моҳияти мафкураи динӣ, масоили мубориза алайҳи ғояҳои экстремистӣ китоб омода намудааст. Дар ин китоб  хатарҳои асосии таасубгароӣ номбар шудааст.

«Экстремистҳои динӣ ҳамвора  истиқлолияти тамоми давлатҳоро халалдор месозанд. Онҳо мехоҳанд ҳамагонро таҳти таъсири як халифа муттаҳид намуда фарҳанги миллиро барҳам диҳанд» —  гуфт Худобердӣ Ҳолиқназар.

Чорабинӣ дар пажӯҳишгоҳи тадқиқотҳои байниминтақавӣ ва стратегӣ дар назди президенти Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо маркази Минтақавии СММ доир ба дипломатияи Превентивӣ барои Осиёи Марказӣ, ташкил дода шуд.

Туркистон:

 Раисиҷумҳури Русия В Путин дар ҷамъомади бехатарии федеролӣ нутқ эрод намуда » ХБФ дар мубориза зидди «экстрмемизм» бояд ба таври мувозӣ бо қумитаи амнияти миллӣ кор барад ва дар таъмини амнияти кишвар саҳми муҳимро бозад»- гуфта буд.

Давлатҳои Осиёи Миёна низ шабеҳи Русия  масъалаи бехатариро аз тамоми ҷабҳаҳо устувор монда , ба ҳамин стратегия мутобиқ месозанд. Сиёсатмадорони Осиёи Миёна ҳоло ҳанӯз таҳти таъсири доира (нухбаи) сиёсии руспараст мебошанд.

Онҳо то ба ҳоло аз таҳдиди Русия, аз имконияти таъсиррасони сиёсӣ ва иқтисодии вай сахт метарсанд. Дар Русия  соли 1999 бар сарварии Путин ва Патрушев якчанд амалиёти даҳшатзо ба вуқӯъ пайваста буд ва  он аз ёди нухба  то ба ҳоло фаромуш нашудааст! Дар ҳамон вақт  Русия аз ихтиёри Путин берун баромада истода буд, зимоми идоракунӣ аз дасти Путин раҳо шуда буд.

Акнун Осиёи Марказӣ аз таҳти таъсири вай бурун рафтан дорад! Инак, дар дасти худ боқӣ гузоштани он ҳамчун масъалаи ҳалталаби зарурӣ ба шумор меравад. Пас, услуби кӯҳнаи Путин тағйир наёфтааст!  Чашмдошт аст вай барои нигоҳ доштани мамлакатҳои Осиёи Миёна таҳти таъсири худ, амалиётҳои ниҳебафганӣ роҳандозӣ намояд!

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт