Ҷээнбеков  бо Эрдуғон вохӯрд

Ҷээнбеков  бо Эрдуғон вохӯрд

 Раисиҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Ҷээнбеков дар шаҳри Истанбули Туркия бо президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон вохӯрд. Дар ин хусус хадамоти матбуотии  назди президентӣ хабар дод.

Аз рӯи хабарҳо раҳбарони ду давлат натоиҷи ҷаласаи бахшида ба ҳамкориҳои стратегии байни Қирғизистон ва Туркияро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин, эшон дар хусуси тақвият бахшидани ҳамкориҳои байни ду мамлакат мубодилаи афкор намуданд.

Ногуфта намонад, ки Ҷээнбеков рӯзи 29 октябр бо сафари расмӣ, барои ширкат варзидан дар 95 солгарди таъсиси мамлакат ба Туркия рафта буд. Ба ғайри ин вай дар маросими ифтитоҳи фурудгоҳи нав дар Истамбул иштирок кард.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт