Арабистони Саудй ба  хисоби ИМА 100 миллион доллар чудо кард

Арабистони Саудй ба  хисоби ИМА 100 миллион доллар чудо кард

Нахусткотиби давлатии ИМА Майк  Помео бино бар казияи гоибшавии хабарнигор Чамол Хошкадчй  аз Арабистони Саудй дидан кард.. Ва хамагй  дар муддати 15 дакикаи сухбат аз шохигарии саудй 100 миллион доллар маблаг ситонд. ( гуё барои эхтиёчоти YPG , отряди худхимоякунии мардуми курдхо дар Сурия масраф мешудааст.)

Такдири журналисти шинохтаи саудй  Чамол Хушкадчй ба як мавзуъи  пурсарусадо мубаддал ёфт. Хущкадчй  санаи 2 октябри соли равон ба бинои  консулигарии Арабистони Саудй дар Истамбул  дохил гардиду вале аз он чо барнагашт.

Рузномаи New York Times. менависад :- « Хукумати Арабистони Саудй ки аз  гайби мармузи журналисти барчаста  Чамол Хушкадчй сахт изтироб дошт, бо баробари дидани нахусткотиби ИМА Майк Помпео дар Риёз фавран ба хисоби давлатии ИМА 100 миллион доллар интикол намуд, то  ин ки барои чилавгирии харакатхои гурухи тундагарои YPG / PKK  дар Сурия харч созад».

Кобили кайд аст ки интиколи маблаг   хамзамон бо ташрифи котиб Майк Помепо ба вукуъ пайвастааст, хол он ки маъмурияти Трамп кайхо боз  аз Ар- Риёз мадади молияви мепурсад.

Тавре ки рузнома менависад, яке  аз ашхоси болорутбаи сиёси чунин гуфтааст: -» Интиколи пул бо ташрифи котиб ин як тасодуф нест».

Риёз пеш аз ин низ ба хисоби ИМА 100 доллар гузаронида буд. Мохи октябри соли 2017   котиби давлатии Арабистони Саудй Самир ал-Себхан хамрохи намояндагони давлатии ИМА  ба  минтакаи гасбкардаи YPG / PKK дар нохияи Айн Исо Ракка рафта буданд. Баъди ин ташриф идораи Риёз ба ИМА ба микдори 100 миллион доллар кумаки молиявй дода буд, ба хотири баркарории Ракка, ки дар натичаи хамлахои байни артиши ИМА ва YPG/PKK.. зеру забар гашта буд.

Баъди ташрифи Помпео ба Арабистони Саудй президенти ИМА Доналд Трамп дар яке аз шабакахои телевизиони ба суолхои марбути гайбзании Хашкадчй посух дода гуфт, ки нияти канда шудан аз Арабистони Саудиро надорад.

Трамп таъкид кард:-» Муборизаи Риёз алайхи терроризм ( Ислом) хеле зарурист. Арибистони Саудй муттахиди асосии мо дар Шарки Наздик  хаст ва мемонад».

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт