Ҷээнбеков   ҷонибдори системаи нави таълим мебошад

Ҷээнбеков   ҷонибдори системаи нави таълим мебошад

Дар пойтахти Қирғизистон  шаҳри Бишкек   панҷумин қурултой — ҷаласаи бахшида ба системаи таълим-тарбияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)  баргузор гардид. Ҷаласа ду рӯз идома ёфта дар он бештар аз 400 омӯзгор ширкат варзиданд.

Дар маросими ифтитоҳи қурултой  президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷээнбеков низ иштирок карда нутқ эрод намуд. Вай таваҷҷӯҳи ҳамагонро ба барномаи таълимии даврони Шӯравӣ нигаронид ва онро афсурда ва ношоям арзёбӣ  кард. Ба андешаи вай гарчанд таи солҳои дароз ин программа бетағйир мондааст, инак ба талаботи замона ҷавобгӯ нест.

Вй зимни суханронь чунин афзуд:- » Дар Қирғизистон соҳаи таълиму тарбия раванди асосии сиёсати давлатӣ ба шумор меравад.  Аз ин лиҳоз имрӯз аз баргузоршавии қурултойи омӯзгорон, ки соҳибони беҳтарин касбу кор мебошанд, хеле мамнунам. Пӯшида нест системаи таълимии Иттиҳоди Шӯравӣ  барои эҳтиёҷоти ҷомеа кофӣ буд. Чунончӣ  таи солҳои  тӯлонӣ  талаботи соҳаи иқтисодиёт, иҷтимоъ, корҳои ҳукуматӣ ва мудофиаро бар дӯш дошт ва ба тарзи бомуваффақият ба тартиб медаровард. Аммо бо мурури замон бисёр  ҷиҳатҳо тағйир ёфт. Аз як ҷониб тавъам бо ҷараёнҳои сиёсӣ соҳаи таълими умумӣ низ осебпазир шуд. Яъне  пошхӯрии СССР ба системаи таълим низ  таъсири худро расонд. Аз тарафи дигар алоқаҳои бозорӣ ( додугирифт, савдо-тиҷорат) ба ҳаёти мо омада бозори меҳнат ба дараҷаи эҳсоскунанда дигаргун шуд. Дар ҷомеаи мо барои ҳаёти нав ва барномаи нави таълимӣ ниёзмандӣ ба миён омад».

Туркистон:

 Пешниҳоди  барномаи таълимии  маҷбурӣ манбаи  асосии мамлакат ҳангоми  паҳн кардани фарҳанг др ҷомеа  ба шумор меравад.

Сақофатфарҳанг дар раҳи ҷустуҷӯи мабдаъинтихоби системаи идоракунӣдар истеъмор кардан ва ё мусталикашавии ин ё он мамлакат мавқеъи асосиро ишғол  кардааст.

Дар  давлатҳои ИДМ, хоссатан дар Қирғизистон тавре ки президенти Қирғизистон таъкид кардааст, бар асоси программаи  таълимии Иттиҳоди шӯравӣ роҳандозӣ. Чунки   аз сабаби он ки Русия вориси ягонаи ИҶШС мебошад

Ва бар замми ин Русия  дорои мафкураи хоси худ набуд, ки бар асоси он программаҳои таълимии давлатщои собиқ СССР-ро дигаргун созад.  Ҳамзамон агар программаҳои таълимии Шӯравӣ тағйир дода шавад, табиист ки ҷои онро ҷаҳонбинии Ғарб ишғол мекунад.

Акнун Ҷээнбеков маҷбур шуд дар хусуси танзим ва дигаргунӣ сухан бигӯяд. Чунки замон тавре ки Русия мехост дар як нуқта таваққуф накардФарҳанги Русия  барномаи таълимро  дигар мувофиқи замон  муттасил ташаккул дода наметавонад. Мамлакатҳои ИДМ маҷбур ҳастанд  прогараммро бар асоси ҷарҳанги Ғарб танзим намоянд.

Чунки ҳатто Русия низ  алакай ба программаҳои таълимии Ғарб гузаштагӣ аст.

Лекин ҳар кадоме ашхосе ки бигӯёд ҷаҳонбинии Ғарб аз фарҳанги СССР авлотар аст, сахт иштибоҳ мекунад!

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт