Ҳиндистон  ба таҳдиди ИМА марбути таҳорим посух дод

Ҳиндистон  ба таҳдиди ИМА марбути таҳорим посух дод

 Аз рӯи гуфтаҳои генерали  ниҳоди артиши Ҳиндустон Рават Бипин,  агар ҳукумати Ҳиндустон аз Русия С-400 харидорӣ кунад, пас яқинан ИМА нисбати  мамлакати Ҳинд таҳорим ҷорӣ менамояд. Ин хабарро «Sputnik”  пахш кардааст.

«Вале мо  аз сиёсати  мустақилона  истифода мебарем», — гӯён таъкид кард раҳбари артиш.

 Ба қавли вай, Русия аз тақвият  ёфтани алоқаҳои байни Ню-Делӣ ва Вашингтон ҳаргиз  «ташвиш накашад».

Генерал ба тариқи изофа афзуд:-» Дар замоне ки таҳорим муҳокима мешавад ва  гарчанд аз ҷониби Амрико мушикилот ба назар мерасад,  бо вуҷуди  ҳамаи ин Владимир Путин ва  Наренда Модӣ созиши додугирифти падофанди С-400 мавриди баррасӣ қарор доданд. Ва ин шартнома дар арафаи имзоёбист».

 Бояд эътироф кард, ки рӯзи ҷумъаи гузашта Русия ва Ҳиндустон  ба шартномаи марбути   додугирифти маҷмӯъи С-400 ба қимати 5,43 миллиард доллар, имзо гузоштанд.  Пеш аз Ҳиндустон давлати Хитой ва Туркия маҷмӯъи зенити «Тримур»-ро  харидорӣ карда буданд, инак мамлакати Ҳинд сеюмин давлат ба шумор меравад.

ИМА аз нақшаҳои Ҳиндустон  ба ташвиш омада,   мехост базудӣ  алайҳи вай  таҳорим ҷорӣ намояд.

Ёдовар мешавем Русия ва Ҳиндустон —  ҳамшарики барҷаста дар соҳаи ҳарбӣ- техникӣ мебошад: 70 дарсади техникаҳои низомии Ҳиндустон истеҳсоли Русия аст. Ҳамасола Русия ба Ҳиндустон  ба миқдори миллиард доллар техника ва яроқу аслиҳа интиқол менамояд.

Туркистон: 

Ба андешаи мо истори тозаи ИМА дар сиёсати байналмилалӣ шояд иттиҳод ва ё ҳамкории байни Русия, Хитой ва Ҳиндустонро пайдо созад.

Бино бар стратегияи нави ИМА, вай мехоҳад вазифаи полиси ҷаҳониро бар дӯши худ гирад. Ҳатто кор  то ба дараҷе рафта мерасад, ки  вай барои «хизматҳояш» аз мамлакатҳои дигар ҳақ талаб мекунадЯъне гӯё айнан вай ( мувофиқи манфиати худмувозинати  дунёро мувофиқи тартибу интизоми  низомӣ  нигоҳ дошта истода бошад.

Пештар олами куффор, яъне системаи  ҷаҳонӣ  муттаҳид шуда зидди Илосми Мабдаъӣ мубориза мебурданд. Имрӯз бошад ба ин тарзи мубориза боз як услуби дигар зам шуд. Куффор аз ҳамдигар фоидаҳои моддӣ, манфиатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳарбӣ талош карда истодааст. Ба таври дигар гӯем, олами куффор дар талоши фоидаба вазни сиёсӣ ва қуввати ҳарбии худ такя карда бо якдигар  набард доранд.

ИМА давлатҳои аз ҷиҳати вазн пастро гирд оварда мехоҳад як фронт таъсис диҳад. То ин ки ин фиронт бар зидди ҳамон давлате ки бархилофи манфиати ИМА мебарояд, мубориза барад. ИМА иҷборан онҳоро ба ин мубориза сафарбар месозад.

Пештар айни  ҷумбишҳои мубориз ( глобалӣ) аз ҷониби олами куффор бар зидди ҳаракатҳои исломӣмабдаъӣ нигаронида мешуд. Ингуна  мавзеъгирии ИМА чашмдошт аст қавонину қоидаҳои ИМА пароканда созад. Дар паёмади кор онҳо ба чандин ҷонибҳои ҷудо гашта, авзое ба миён меояд, ки ҳар кадоми ин иттифоқ мувофиқи қонуни тарҳрезикардаи худ кор мебарад.

Ин ҳолат  бечунучаро  аз нишонаҳои  таназзули ҷомеаи ҷаҳонӣ ва сарнагун ёфтани системаи идоракунандаи ҷаҳонӣ мебошадДар ояндаи наздик ин системаи палид маҳв шудан дорад ин ша Аллоҳ!

Қобили қайд аст, ки феълан Ҳиндустон барои ашёи хоми Русия ҳамчун бозори калон маҳсуб аст ва онҳоро танҳо Хитой метавонад пайванд ва  муттаҳид созад. Ин ҳол бечунучуро сабабгори табадуллоти амиқ дар сиёсати байналмилалӣ хоҳад шуд. Ва шояд дар паёмади кор як иттиҳоде қавӣ  таъсис гардад ки бар зидди ИМА   хизмат кунад.   Аз ин хотир  мо гумон дорем ки котиби давлатии ИМА Помпео саросемавор барои гирифтани пеши ин хатар бо вазири корҳои хориҷии Хитой  Ван И вохӯрда бошад.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт