Имзои 10 ёддошт ва кӯмаки $20 миллионии Ҳинд

Имзои 10 ёддошт ва кӯмаки $20 миллионии Ҳинд

Зимни сафари раисҷумҳури Ҳинд Шри Рам Натҳ Ковинд ба Тоҷикистон “10 санади нави ҳамкорӣ” имзо шуд ва Ҳинд ваъдаи кӯмаки $20 миллионӣ ба Тоҷикистон дод.

Чанд рӯз  қабл  мулоқоти раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раисҷумҳури Ҳинд Шри Рам Натҳ Ковинд,  баргузор гардид. Дар вохӯрӣ ҳайатҳои васеъи ҳарду ҷониб ширкат карданд, ки дар натиҷа 10 ёддошти тафоҳум имзо гардид.

“Мо омода ҳастем бо Ҳиндустон дар соҳаҳои саноати кӯҳӣ, хусусан дар бахши коркарди металу минералҳо, аз ҷумла нуқра, сурма, симоб, сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ, ҳамчунин ҷавоҳирот, ҳамкорӣ намоем” — гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Раисҷумҳури Ҳинд ваъда дод кишвараш барои рушди соҳаҳое, ки ду кишвар дар он ҳамкорӣ мекунанд, 20 миллион кӯмаки бебозгашт хоҳад кард.

Туркистон:

Эмомалӣ Раҳмон шабеҳи як лаҳзаи кинофилми мазҳакавӣ  ҳар кадоми меҳмони нохондаро бо чеҳраи кушода пешвоз гирифта , »  чизе ки ба шумо даркор аст, марҳамат, бигиред! » — гӯён гоҳ заминҳои корам, гоҳо иншоот, корхонаҳои калон ва ҳатто конҳо, маъданҳои Бадахшони кӯҳиро тақдим менамояд. Гӯё замину сарватҳои зеризаминии Тоҷикистон мероси падарии вай бошад!  Вай  ҳамин ки дар аҳволи тангу торик дармонд, зуд аз ҳисоби буҷаи давлатӣ, ки  дар арафаи касодшавӣ  қарор дорад, маблағи калон сарф намуда ба сафари расмӣ ва ғайрирасмӣ рахт мебандад.  Дар аввалҳои ҳафтаи гузашта вай ба Ҷопон рафта, ноумед, бо дасти холӣ баргашта омада буд.

Ин системаи саропо фасодзада ба сари башар фақат бадбахтӣ меоварад, чунки зерсохтори он ботил акст! Мутаасифона  ҳукуматдорон ба курсии мансаб сахт чангол зада, намехоҳанд раҳояш кунанд. Ва дар ҳамин ҳолати мушкил аз системае ки худ комилан аз зулмат иборат аст, порае нур, ахтаре меҷӯянд.

 Таҳти ин созишҳо, зери ин кӯмакпулиҳои бебозгашт  ниятҳои ғаразнок ниҳон аст.  Аниқтараш,  дар паёмади ин ҳамкориҳо кони тилло, симоб, сангҳои қиматбаҳо, ҷавоҳиротро давлатҳои ғайр ба яғмо мебаранд. Инак,  феълан Тоҷикистон ба як ғизое табдил ёфтааст, ки истъморгарон бо назари тамаъ  менигаранд.

Пӯшида нест, ки ким кайҳо боз  Тоҷикистон ба мустамликаи Русия, Хитой ва ИМА мубаддал гардидааст. Зимоми давлатдорӣ комилан  бар ихтиёри давлатҳои абарқудрат қарор дорад. Ин давлатҳои куфр  сарватҳои табиии моро соҳибӣ карданд.  Имрӯз мебинем, ки Ҳинд низ  сӯи мо , ҷониби захираҳои мо чашм  ало  кардан дорад. Ҳукумати Тоҷик , ки буҷаи давлатро ба ҳолати ногувор овардааст, аз чаҳор сӯ наҷот мекобад, ба ҷуз ин чораи дигар надорад.

Ҳукумати  Тоҷик, нухбаи худкома,  ба хотири нафси худ на танҳо шаҳрвандонашро, балки худро низ ҷониби ҷарӣ бурда  истодааст.

Мунаввара

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт