Ҷеймс Ҷеффрей:  Созиши Идлиб барои Асад мӯъҷиза  шуд

Ҷеймс Ҷеффрей:  Созиши Идлиб барои Асад мӯъҷиза  шуд

Вакили махсуси ИМА доир ба масъалаи Сурия Ҷеймс Ҷеффрӣ созиши Идлибро , ки аз ҷониби президент Владимир Путин ва президенти Туркия Раҷаб Тоййиби Эрдуғон  дар шаҳри Сочӣ имзо ёфта буд, ҳамчун мӯъҷиза барои Асад арзёбӣ намуд. Ҷеффрӣ дар ин хусус баъди вохӯрӣ бо вазирони корҳои хориҷии Миср, Фаронса, Олмон, Иордания, Бритониё ва Арабистони Саудӣ, маълум кард.

Ба андешаи вай  Русия ва Туркия  бо имзои шартномаи Идлиб дар Сочи беҳтарин иқдомро анҷом доданд ва ИМА айнан бо ҳамин ҳадаф бо Русия  ҳамкорӣ ба роҳ монда буд.

Намояндаи махсуси ИМА доир ба Сурия чунин изофа намуд:-» Имзоёбии шартнома байни Туркия ва Русия кори хуб буд ва мо умед бар он мебандем ки  ӯҳдадорӣ муддавом хоҳад буд. Вашингтон  дар сари ин мақсад бо Москва ҳамшарикӣ роҳандозӣ кардааст. Амрико асло намехоҳад ки Асад аз сари қудрат биравад. Агар мабодо вай мансабро тарк гӯяд мо мамнун мешавем. Вале бояд эътироф кард, ки муаммо танҳо дар боқӣ мондан ва ё намондани сохтори Асад нест. Чун мақсади мо дигар аст. Мо бояд чунин Сурияро бунёд  намоем , ки ба  халқи худ ва ба ҳамсоягонаш хатарнок набошад, таҳдидовар набошад».

Раисиҷумҳури ИМА Доналд Трамп барои  имзоёбии  шартномаи музокирот ба Туркия ва Русия ба таври ҷудогона  гаштаву баргашта миннатдорӣ изҳор намуд.

Президенти ИМА гуфт: — » Туркия дар масъалаи Идлиб ба як кори бениҳоят босамар даст зад. Туркия ба мо кӯмакдиҳандаи беҳтарин шуд. Таъкид менамоям! Туркия дар ҳаргуна вазъият ба мо кӯмаки зиёд расонид».

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт