Котиби давлатии ИМА бо раҳбари ҶДМК мулоқот орост

Котиби давлатии ИМА бо раҳбари ҶДМК мулоқот орост

 Котиби давлатии ИМА Майкл Помпео рӯзи якшанбе аз шаҳри Пхенян  боздид намуда бо раҳбари Ҷумҳурии Демократӣ- Халқии Корея Ким Ин Чен вохӯрд. Вай дар ин хусус дар Twitter’-и худ маълум кард.

Вай чунин нигоштааст:-»  Ташрифи кунунии ман ба Пхенян, ки бо нияти мулоқот бо раҳбари Кореяи Демократӣ Ким Ин Чен роҳандозӣ шуда буд, бомуваффақият анҷом пазируфт. Мо  ҳамкориҳоямонро марбути созиши Сингапур идома мебахшем. Барои пазироӣ ва эҳтиром, ман аз номи ИМА ва аз  номи  маъмурияти департаменти давлатӣ миннатдорӣ изҳор мекунам».

Мувофиқи иттилои агентии “Kyodo” Майке Помпео  ва Ким  Ин Чен таи ду соати расо сӯҳбат оростанд,  онҳо асосан мавзӯъи  денуклеаризатсияро  ( омода кардани  майдони орӣ аз аслиҳаи ядровӣ)  дар  ҷазираи Кореяро мавриди баррасӣ қарор додаанд. Сонӣ Майк Помео  аз Кореяи Ҷанубӣ  дидан кард. Ин  чаҳорумин ташрифи котиби давлатии Амрико ба ҶДМК ба шумор меравад. Рӯзи душанбе Помпео ба Пекин рафт.  Мувофиқи нақша вай бо намояндагони ҳукуматӣ мулоқот анҷом медиҳад.

Чанде қабл котиби давлатии ИМА  ба  Ҷопон низ ташриф оварда дар он ҷо бо нахуствазири кишвар Синдзо Абэ ва раҳбари ВУХ Таро Коно мулоқот  ороста буд.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт