Оё назарияи «Барзагови ширдеҳ»-и  Доналд Трамп муваффақ шуд?

Оё назарияи «Барзагови ширдеҳ«-и  Доналд Трамп муваффақ шуд?

Ба иттилои президенти ИМА Доналд Трамп Амрико ҳамвора дифоъ аз Саудия мекунад ва бар ивази он ягон  бор , ягон чиз  нагирифтааст. Вай таъкид кард, ки дар ин хусус бо шоҳи Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз ба таври ошкоро маълум намуд.

Трамп дар штати Виржиния нутқ эрод карда чунин гуфт:-» Ман  Арабистони Саудиро хеле дӯст медорам. Ман субҳи имрӯз бо шоҳ Салмон сӯҳбати дурудароз кардам. Ман ба вай гуфтам, ки ту  ба миқдори триллионҳо доллар маблағ дорӣ. Агар мамлакати ту  дучори ҳамла гардад, паёмади онро танҳо Худо медонад».

Трамп боз чунин илова кард:-»  Ман ба ӯ, Эй шоҳ, эҳтимолан шумо ҳатто тайёраҳоятонро нигоҳ дошта натавонед, чунки бешубҳа Арабистони Саудӣ дучори ҳамла хоҳад шуд. Лекин  дар ҳаргуна вазъ бехатарии шумо ба мо вобаста аст, аз ин лиҳоз шумо бояд ҳаққи моро ҷуброн кунед, гуфтам».

«Мо артиши онҳоро  пуштибонӣ карда истодаем. Суоле ба миён меояд: Мо  ба кадом ваҷҳ ин мамлакатҳои бойро дастгирӣ мекунем? Агар зарурати кӯмак расондан ба мамлакатҳои авзояш мушкил пеш ояд, он гапи дигар буд. Лекин чаро мо артишҳои  давлатҳои сарватманди ба монанди Арабистони Саудӣ, Ҷопон ва Куреяи Ҷанубиро пуштибонӣ мекунем? Чунки  умед дорем онҳо ҳаққи хизмати моро ҷуброн менамоянд. Мушкил дар он аст, ки пештар ягон нафаре ин чизро талаб намекард»- гӯё изофа кард Трамп.

 Трамп  худи ҳамон рӯз дар  тазоҳуроти штати Миссисипӣ нутқ эрод карда иброз дошт, ки агар  пуштибонии ИМА намебуд, подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон  дар сари қудрат беш аз ду ҳафта намепоид.

Трамп паиҳам такрор кард:-» Дақиқан, Арабистони Саудиро  Мо  муҳофизат карда истодаем. Шояд шумо бигӯед ки эшон сарватманд ҳастанд, оре.  Шахсан ман шоҳ Салмонро хеле дӯст медорам. Вале ба СалмонШоҳ рӯирост гуфтам ки : Мо ҳастем муҳофизи шумо, агар Мо намебудем тоҷу тахти шумо беш аз ду ҳафта боқӣ намемонд. Аз ин лиҳоз, барои ҳаргуна ҳаракатҳои низомиамон  мебояд ки шумо ҳаққи хизмат ҷуброн намоед, масрафи ҳарбиро пардохт кунед».

Ёдовар мешавем якчанд рӯз қабл аз  ин президент Трам , Риёзро барои зиёд кардани сарфу хароҷоти низомии мамлакат фаро хонда буд.

Туркистон:

Саудиҳо низ ба монанди дигар раҳбарони мусулмон  ояти Аллоҳи Бузургро бо мазмуни    То ба вақте ки дини онҳоро қабул надоред, ҳаргиз аз шумо розӣ намешаванд«- -ро инкор карданд ва ё беэътино гузоштанд . Инак , мебинем ки хориву залулӣ ба таври ошкоро, худсарона, бадхоҳона  ҷараён дорад! Куфр бо ғалаби худ ифтихор намуда ба дунё ҷор меандозад! Ғалабаи онҳо аз он иборат аст, ки тактаки мамлакатҳои мусулмон  дар тарси якдигар ва ё ин ки аз  ҷамоаҳои  исломӣ ҳаросида аз кофир ҳимоя талаб  намуд. Ана акнун барои айни ҳимоя зарурати ҷуброн кардани он «хизмат» пеш омад!

Ин ҳолати пастравӣ ҳамчун ғалабаи олами куффор бар Ислом ва Мусулмонҳо арзёбӣ мешавад.

Трамп рисолаи дигаргун сохтани системаи ҷаҳониро, ки бар дӯш дорад, роҳандозӣ карда истодааст. Барои ИМА ягон рақибе намонд ки зимоми идоракунии ҷаҳониро аз вай талош кунад. Минбъад вай паи ҳамдигар ҳаргуна маҷбурияти молиявиро ки муваззаф шудааст,   аз мамлакатҳои дигар мерӯёнад. Ва аз давлатҳои заъиф  барои муҳофизати онон ҳаққи хизмат талаб мекунад.

Агар ин талаб дар ҳолати ҷанг мебуд, онро ҳамчун иттифоқчӣ, ёрдамчӣ ва ё ҳамшарик ифода кардан раво буд. Лекин ҳоло ки тинҷиву оромист, барои хавфи ҳанӯз номаълум ҳақ талаб кардан, ин   ба ҷуз ғоратгарӣ ва авбошӣ ( авбошии байналмилалӣчизи дигар нест. Чунки ҳар  кадоме пойгоҳи ИМА дар чаҳор кунҷи олам фақат ва фақат баҳри фоидаи вай, ҳамчун кафили  зимомдории вай хизмат мекунад.

Амрико пештар  барои ҷой доданаш ба он мамлакатҳо ёрдами молӣ ва дигар кӯмакҳои моддӣ мерасонд. Хавфу хатарҳои  қалбакӣ бошад ба ҷуз ҳамлаи иттилоотӣ чизи дигар нестЯъне ҳукуматдорони хоин гӯё барои муҳофизати шаҳрвандонаш аз хатари террор ба мамлакатҳои куфр  иҷозат медиҳад то ин ки дар кишварамон базаҳои ҳарбӣ  бунёд намоянд.

Имрӯз бошад Трамп ба ҳокимон мегӯяд ки бигзор ба худҳимоякунӣ гузаранд. Пас, Трамп мехоҳад бо як тир ду нишон занад!

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт