Русия  дар Сурия  аз  тӯпҳои “ СВЧ-пушка” истифода мебарад

Русия  дар Сурия  аз  тӯпҳои СВЧ-пушка” истифода мебарад

Нахустмушовири раҳбари  консерни «Технологияҳои  радиоэлектронӣ» Владимир  Михеев маълум кард, ки  аслиҳаи электромагнитии Русия  дар шароити полигонҳо аз санҷиш гузашта истодаанд. Чашмдошт аст ингуна силоҳ дар ояндаи наздик дар Сурия истифода бурда шавад. Ин хабарро «ТАСС» паҳн кардааст.

Мувофиқи иттилои Михеев, падофанди аслиҳаи электромагнитӣ (тӯпҳои СВЧ) мавҷуд  аст ва тараққии босамарро дорост.

«Санҷишҳо дар ҳолати доимӣ ҳам дар шароити лабораторӣ ва ҳам дап полигонҳо роҳандозӣ мешавад», — афзуд Михеев. Ба қавли вай  дар айни маврид  аз ин яроқу аслиҳаи электромагнитӣ ҳамчун системаи ҳимоякунӣ низ истифода бурда мешавад.

Бино бар гуфтаҳои сармуҳаррири маҷаллаи «Арсенал Отечества» Виктор Мураховский, аз  моҳи январи соли 2019 сар карда низомиёни рус ба таври муттасил соҳиби аслиҳаи зиддидрон хоҳад шуд,  импулси электромагнитӣ, ки онҳо бо худ насб мекунанд, ҳамчун  паҳнкунандаи мавҷ ва маълумот истифода бурда мешавад.

Мушовир мегӯяд:-» Ҳамзамон, албатта  тактаки хизматчиёни ҳарбии мо дар Сурия  бо ингуна аслиҳаи навин  пурра таъмин мегарданд».

Туркистон:

 Русия дар Шом ба гирдоби Сурия ғӯтавар шуда истодааст, ин ша Аллоҳ!

ИМА тавассути Туркия ва Эрон, нагузошт ки Русия дар Идлиб  бар зидди муҷоҳидон набард оғоз карда, ҳамроҳи онҳо тамоми аҳолиро гулӯлаборон кунад.

Дар таърихи наздик бошад ИМА ба Русия рухсат дода буд, ки   дар ҳамшарикӣ бо Эрон ва Туркия калонтарин шаҳру  деҳоти  Сурия —  Хомс, Ҳама, Ҳалаб ва монанди онро бо мушакҳо аз ҳаво ҳамла оварда қатли омм содир карда буд.

Русия бар пуштибонии ИМА Сурияро зере забар созтБа ибораи онҳо нисбати аҳолии осоишта геносидкуштори ҳамагонӣ анҷом дод!

Акнун ки навбат ба Идлиб  омада расид, ИМА ба Русия иҷозати амалиёт намедиҳадГумон мекунед, ки ИМА ба куҳансолон, занону кӯдакон раҳмаш омад? На! Феълан фурсати тақсимкунии манфиатҳои стратегӣ дар Сурия торафт наздик шуда истодааст. То ин ки барои дахолати Русия ба ислоҳоти сиёсии роҳ надиҳадИдлибро муваққатан нигоҳ дошта истодааст.

Аз ин мебарояд, то ба он вақте дар Сурия вазъи сиёсӣ рӯ ба эътидол наояд, сохтори идоракунӣ  мувофиқи хоҳиши ИМА ҷорӣ нагардад ва ба сари қудрат неруҳои зердасти ИМА намеомадааст, вай ( яъне ИМА) ҳаргиз намегузорад ки Русия  дар ҷанги Сурия муваффақ шавад. Баръакс, Русияро торафт ба мурдоби низомӣ бештар ғарқ месозад. Ҳарчанд Русия аз яроқу аслиҳаи худ ифтихор накунад, ба вазъияти Сурия назар ба Русия таъсири қуввати ИМА бенияҳот қавӣ аст.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт