Мирзиёев: Террористҳо рӯзафзун марзи ИДМ-ро убур кардан доранд

Мирзиёев: Террористҳо рӯзафзун марзи ИДМро убур кардан доранд

Давлатҳои ИДМ барои  ҷилавгирии хатари ифротгароӣ созиш намудаанд. Дар ин ҷода қабл аз ҳама ҳаракатҳои зарбаи пешакиро мебояд роҳандозӣ кард. Чунин аст афкори раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев. Ин хабарро «kun.uz” пахш кардааст.

 Вай зимни баромад дар  ҷаласаи шӯрои раҳбарони давлатҳои ИДМ дар шаҳри Душанбе маълум кард, ки феълан гурӯҳҳои террористӣ дорои манобеи молиявӣ, васоити навини ахбор ва воситаҳои техникаи  баландсуръат мебошанд.

» Феълан  майли интиқоли террористҳо аз Шарқи Наздик ба Афғонистон ва сарҳадҳои давлатҳои ИДМ шиддат ёфта истодааст. Мамлакатҳои мо барои сари вақт бартараф намудани хатари террор созиш кардаанд ва хуб мешуд барои зарбаи пешакӣ омодагии ҷиддӣ ба роҳ монем»,- гуфт Мирзиёев.

 Вай ба тариқи илова чунин афзуд:-» Муаммои таасубгароии ҷавонон бояд мадди назари аввали якояки мо қарор гирад. Аз ин лиҳоз зарурате пеш меояд, ки ҷавононро бо таълиму тарбия, илм-маърифат, фарҳанг шодоб намоем.  Насли наврасро аз ҷиҳати иҷтимоӣ пуштибонӣ кунем, ҳуқуқи онҳоро муҳофизат намоем, то ин ки мавқеъи худро дар ҷомеа пайдо намоянд,  барояшон тамоми шароитҳои зиндагониро  омода созем».

 Ба андешаи вай моҷарои мусаллаҳона, ки то ба имрӯз дар Афғонистон мудовимат дорад, ба аксарияти давлатҳои аъзо ба Иттиҳод таҳдиди  умумӣ  буд ва мемонад.  » Аз ин лиҳоз- гуфт ӯ-  барои  ҳарчи зудтар  ҳаллу фасл шудани бӯҳрони Афғонистон , дахолату  сайъ-ҳаракатҳои  ИДМ  ҳамчун нақши муҳими байналмилӣ  маҳсуб аст».

Туркистон:

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва доираи иҳотакардаи онҳо ба ду қисм ҷудо гашта, стратегияи идоракунӣ низ ба ду ҷониб майл дорад. Русия ва Хитой бо мақсади боқӣ гузоштани манфиат ва таъсири худ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ ,  ваҳми террорро тавассути Афғонистон пайдо карда истодаанд. Аз сӯи дигар Амрико аз тарафи Афғонистон роҳи транзитӣ кушода моро ба доми мустамликаи иқтисодӣ мекашад!

Гуфтан мумкин аст, ки Мирзиёев ҳоло ҳанӯз зимоми идоракуниро ( вазъи сиёсиро, сохторро) ба дасти худ нагирифтааст. Вақтҳои охир ба чандин иқдомҳои вай марбути танзими исломӣ  ( озод   кардани маҳбусон, мусобиқаҳои Қуръон..) аз ҷониби мақомоти қудратии мамлакат зарбаи шадид расид.

Дар он ҳолат Мирзиёев на ислоҳоти худро  ҳимоя карду на дифоъ аз мусулмонҳои мазлум намуд. Аз ин мебарояд нухбаи сиёсии Ӯзбек то ба ҳоло  бар ихтиёри қумитаи бехатарӣ аст. Хадамоти амнияти миллӣ бошад таҳти таъсири президент намебошад. Назар ба президент ба вай Русия таъсири бештар дорад.

Бо   баромадаш Мирзиёев эътироф кард, ки бехатарӣ   асоси тамоми ислоҳот ва идоракунӣ аст.

Хулласи каломраҳбарияти давлатҳои Осиёи Марказӣ зери фишори Русия қарор дорад , яъне  рус онҳоро иҷборан мутеъи хеш месозад. Русия ба ҳар кадоми ин раҳбарият ба қадри  тавон тазйиқ оварда истодааст!

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт