Шавкат Мирзиёев аз корхонаи алюминийи тоҷик дидан мекунад

Шавкат Мирзиёев аз корхонаи алюминийи тоҷик дидан мекунад

Сафари президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ин дафъа бо боздид аз корхонаи алюминийи тоҷик – ТАЛКО – оғоз хоҳад шуд.

Интизор меравад, Мирзиёев рӯзи 27-уми сентябр ба Тоҷикистон биояд. Ӯ дар нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ё СНГ дар Душанбе иштирок хоҳад кард.

Фирӯз Холиқзода, сухангӯи ҳукумати шаҳри Турсунзода, рӯзи 24-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, президенти Узбекистонро сокинони шаҳр дар чанд макон, аз ҷумла даромадгоҳи шаҳр ва наздикии корхонаи алюминий пешвоз мегиранд.

“Дар ин сафар танҳо боздид аз ТАЛКО дар назар аст. Баъдан Мирзиёев аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия, ки ба ангурпарварӣ машғул ҳастанд, дидан хоҳад кард. Ҳамин тавр, ҳангоми пешвози президент ду суруд – як тоҷикӣ ва як узбекӣ – иҷро карда мешавад”, — гуфт Холиқзода.

Раиси ҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев моҳи марти имсол бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон омада буд.

Мақомот ин сафари Мирзиёевро «таърихӣ» номиданд. Дар ҷараёни ин сафар низоми раводид миёни ду кишвар содда карда шуд. Сокинони ду кишвар ҳақ пайдо карданд, ки дар тӯли як моҳ бе виза дар қаламрави якдигар равуо кунанд.

Мақомот гуфта буданд, ки танҳо дар моҳи марти имсол марзи Тоҷикистону Узбекистонро 300 ҳазор нафар убур кардаанд.

Аз ТАЛКО оғоз  кардани ташрифи навбатии Мирзиёев   қобили  таваҷҷӯҳ  аст.

Ба ҳамагон маълум аст, ки  заводи  алюмини тоҷик  дар марзи   байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҷойгир аст ва дар наздикии вилояти  Сурхондарё  бунёд шудааст.

 Тӯли чандин даҳсолаҳо ин корхона фаъолияти худро идома дода истодааст.

  Нафаре ки  гирду атфрофи  заводи алюминро  мушоҳида мекунад, худро гӯё дар  оғӯши зимистони сард тасаввур менамояд.

Хонаҳои  истиқоматии одамон пур аз чангу ғубор, бомҳои манзили зисташонро  тахминан  0,5 см  хокаи алюмин пӯшонидааст. Ҳар дарахте ки он ҷо парвариш мешавад, ҳоло ҳаӯз барг набароварда пажмурда мегардад.

Аз ҳама  аламовараш дар он аст, ки ин боду ҳавои ғализ ба  насли  одамизод таъсири ҷиддии  манфӣ мерасонад.  Сабабгори  ба дунё  омадани кӯдакҳои маъюб мегардад. Ҳатто агар фарзанди комилан солим  таваллуд шавад ҳам, бо мурури замон ба иллатҳои гуногуни ирсӣ  гирифтор мешаванд.

Шояд  имрӯзҳо подшоҳони ду кишвар  бо муваффақиятҳои заводи алюминбарорӣ бархурдор шаванд. Шояд барои ҳамкориҳои минбаъда созиш кунанд, аҳд банданд.

Вале  аз авзоъи нигаронкунандаи аҳолии гирду атрофи ин корхона кадоме  андеша мекарда бошад ? Дар хусуси  вазъи тандурустӣ, ҳаёти одамон ва ояндаи авлод кӣ ғамхорӣ мекунад?!

 Мизони  системаи ҷаҳонии капиталистӣ   танҳо манфиат асту бас. Ҳар чизе ки ба система  фоида меоварад онро тақвият мебахшанд , тавсеа  медиҳанд , вале ҳар чизи бефоидаро беэътино мегузоранд. Чунончӣ ҳаёти одамони одиро низ!

Капитализм (демократия) ба инсон ҳатто ба монанди ҳайвон муносибат намекунад.

Олимони  Аврупо ва ИМА таи чандин солҳои тӯлонӣ ҳаргуна тадқиқоти худро дар аҳолии Африқо, дар одамони сиёҳпӯст тавассути сӯзандору аз таҷриба мегузаронанд. Ингуна амалҳоро ба тариқи махфӣ, пардапӯшона анҷом медиҳанд. Ва бино бар паёмади он хулосабарорӣ мекунанд.

Аммо  раҳбарони мо, ки  худро мусулмон медонанад, шаҳрвандонашонро  ба тариқи ошкоро ба ҳалокат вогузоштаанд, ба ояндаи  миллат беэътиноӣ мекунанд, ин ҳолро чигуна шарҳ додан  мумкин аст ?!

Мунаввара

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт