Ваҳми навбатӣ

Ваҳми навбатӣ

Бино бар иттилои раҳбари маркази мубориза зидди терроризми ИДМ, генерал-полковники полис Андрей Новиков, ҷангҷӯёни гурӯҳи «ДОИШ» кӯшиш дорад дар қаламрави Осиёи Марказӣ нуқтаи такякунандаи худро таъсис бидиҳад. Ин хабарро РИА «Новости» пахш кардааст.

Ингуна баёноти генерал-полковник дар марҳилаи дуввуми тамрини низомии «Иссиқкӯл — Антитеррор -2018» садо дод.

Ба андешаи Новиков ҷангҷӯёни «ДОИШ» айни замон дар ин минтақаи воқеан ором ҳамчун як муаммо ва хатари азим маҳсуб аст, чун аъзои он мехоҳанд як нуқтаи такякунанда барои худ омода созанд. Ҳамзамон, бояд эътироф кард, ҳаргуна ҳаракатҳои гурӯҳҳои ифротгар на танҳо барои Қирғизистон, балки ба тамоми мамлакатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ таҳдиди бузург аст».

 Раҳбари маркази мубориза зидди тероризм Новиков ба гуфтаҳояш бо ҷумлаҳои зер равшанӣ андохт:-» Ҷангҷӯёни «ДИИШ» кӯшиш доранд дар минтақа такягоҳе бо ном хилофат барпо созанд, тавъам барои барангехтани «ҷамоатҳои хобида» ҷидду ҷаҳд доранд».

Туркистон:

Ингуна ҳушдори хадамоти махсуси Русия дар хусуси ташкилоти «ДОИШ» воқеан асосе надорад ва ба ҷуз ваҳми қалбакӣ чизи дигар нест. Чунки ин ташкилот ( яъне ДОИШ) қуввате надорад ки тавони аз қолаб берун кардани авзоъи як мамлакат бошад. Пас қуввати «ДОИШ» дар чист? Неруҳои махсуси низомии куффор дар манотиқи мухталиф аз номи ин ташкилот фаъолият мебарад ва амалиётҳои ниҳебафганӣ анҷом медиҳад . Тавре ки дар таърихи наздик аз номи «Ал-Қоида» дар давлатҳои гуногун амалиёти даҳшатзо роҳандозӣ карда буданд. Имрӯзҳо олами куффор худ аз номи «ДОИШ» теракт содир мекунад. Чанде қабл, аниқтараш тобистони соли равон ба сайёҳон дар Тоҷикистон ҳамла барпо карда онро «ДОИШ» ба гардан гирифт, сонӣ ҳатто ҲНИТ низ муттаҳам дониста шуд. Мамлакатҳои истеъморгар дар сари фоидаи хеш аз номи «ДОИШ» истифода мебарад.

Русия низ дар қатори дигар давлатҳои абарқудрат , дар юриши истеъморгаронаи худ дар Осиёи Миёна мехоҳад аз воҳимаи «ДОИШ» , ки сиёсати байналмилалӣ барқасд пайдо намуд, истифода барад. Русия феълан ҳамлаи иттилоотӣ бурда истодааст. Ҳамин ки дар ҳамлаи иттилоотӣ муваффақ шуд, дақиқан ба фаъолияти моддӣ мегузарад. Русия таи чандин моҳҳо тавассути сафоратхонаҳои худ тазоҳуроти моҷароҷӯ роҳандозӣ кард, ки ҳатто якчанд давлатҳои Аврупо ва Туркия низ натавонист пешгирӣ кунанд..

Аз ин мебарояд, як давлате заифу камқуввате ба монанди Қирғизистон ба ҷуз муборизаи матбуотӣ чораи дигар надорад. Яъне Русия бо тарғиботи иттилоотӣ ва изҳороти расмиаш фишори сиёсӣ сар кард, инак ба ҷуз шиддат додани муборизаи иттилоотӣ алайҳи вай чораи дигар надорем! Мо ба ҳаргуна баёнотҳои хатарноки онҳо раддия дода, пайваста бояд мардумро аз ҳадафи пурайранги онон ҳушдор намоем.То ин ки одамон бидонанд ки дар ягон амалиёти даҳшатзо неруҳои исломӣ даст надоранд ва асли моҳияти ҳаргуна воқеа тамоман дигар аст. Мо бояд ҳамвора аз мақсадҳои палидонаи куффор огаҳ намоем, ҳилаи онҳоро ошкор созем! Ҳамин тариқ бо фишори матбуотӣ пеши роҳи ҳаргуна ҳодисаро ҷилавгирӣ кунем. Дар акси ҳол онҳо мехоҳанд дар минтақаи мо вазъияти муташанниҷ пайдо кунанд!

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт