Абдусалом Азизов:  Мо барои маҳви душман омода ҳастем

Абдусалом Азизов:  Мо барои маҳви душман омода ҳастем

» Тамрини муштараки  неруҳои низомии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бо  натоиҷи умедбахш анҷом пазируфт. Мо  бечунучаро якҷоя метавонем душманро маҳв созем»- гуфт вазири мудофиаи Ӯзбекистон генерал-майор Абдусалом Азизов зимни машқи ҳарбӣ  дар полигони Соррухдарони Тоҷикистон.

Ин хабарро “Sputnik пахш кардааст.

Ба андешаи вазир ин манёвре, ки дар давоми 5 рӯз идома дошт, бори нахуст  дар таърихи ду артишии дӯстона буда,  дорои аҳамияти таърихӣ аст.

» Имрӯзҳо дар қаламрави Осиёи Марказӣ авзоъ нигаронкунанда аст. Хатари гурӯҳҳои террористӣ рӯзафзун шиддат ёфта истодааст. Аз ин лиҳоз мо бояд ҳамеша ба ҳаргуна ҳолат омода бошем. Ҳудуди мо якест ва фақат дар ҳаракатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои қисмҳои низомӣ метавонем алайҳи терроризм истодагарӣ  намоем ва он хатарро  бартараф созем»- изофа кард Абдусалом Азизов.

Вазири дифоъи Тоҷикистон  Шералӣ Мирзо низ дар навбати худ аз авзоъи қисми шимоли Афғонистон изҳори нигаронӣ намуда гуфт:

-» Дар он сарзамин ҳаракатҳои фаъолонаи гурӯҳҳои террористӣ ва таҷаммӯъи ҷангҷӯёни «ДОИШ» мушоҳида мешавад. Феълан  онҳо ҷонибдори осебпазирии  бехатарии миллӣ ҳастанд ва дар амал низ ҳамагонро ба ин чиз фаро мехонанд. Инак, дар чунин шарту шароит ягон мамлакат дар танҳоӣ  наметавонад зидди онҳо истодагарӣ кунад ва муқобилат нишон диҳад. Муттаҳидшавии неруҳо дар айни замон дорои аҳамияти муҳим мебошад. Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дару дарвозаи  даромади Осиёи Марказӣ маҳсуб аст. Раҳбаронамон дар сари барқарории сулҳу субот дар Афғонистон ба қадри тавон кӯшиш ба харҷ бурда истодаанд. Ҳамзамон, мо низ муборизаро ба ҳаргуна унсурҳои ифротгароӣ  тақвият дода истодаем».

Ёдовар мешавем  тамрини муштараки  низомиёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон рӯзи 17 сентябри соли равон дар маркази таълимии » Нурафшон» сар шуда буд. Дар он  беш аз 600 низомӣ ширкат варзиданд ва машқи ҳарбӣ то ба  санаи 22 сентябр мудовимат кард.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт