Болтон : Дар ҷанги Афғонистон аз  «ҷангҷӯёни кироя» истифода баред

Болтон : Дар ҷанги Афғонистон аз  «ҷангҷӯёни кироя» истифода баред

Мушовир доир ба бехатарии миллии назди хонаи Сафед Ҷон Болтон маслиҳат дод, то ин ки дар ҷанги Афғонистон аз «ҷанговарони кироя» истифода бурда шавад.

Вай гуфт:-» Дар ин хусус чандин маротиба баҳсу талошҳо ба вуҷуд омада буд ва ман ҳамеша   ҷонибдори ғояҳои тоза мебошам. Лекин билохира ҳаргуна масоил ба президенти кишвар пешкаш мешавад».

Ин пешниҳоди Ҷон Болтон тавассути шабакаи телевизионии  “ABC News”  пахш гардид. Дар ин телеканал изҳороти масъулини идораи Президенти ИМА тақдим карда  мешавад.   Телеканал таваҷҷӯҳи хосаи президенти ИМА Доналд Трампро  ба  машварати асосгузори «Блэкуотер» Эрик Принс ишора кард. Ҳароина»Блэкуотер» яке аз ташкилотҳои террористӣ дониста мешавад.  Мувофиқи машварати Принсис барои пуштибонии ҷанги Афғонистон мебояд «ҷангҷӯёни кироя»- ро ҷалб сохт, ки тобеъи  компанияҳои махсуси низомӣ бошанд.

Ингуна афкори Принсис бори нахуст соли 2017 дар ҳолате ки Трамп аз ғояи ихроҷи артиши ИМА аз Афғонистон  даст кашида  ва стратегияи тозаи худро эълон карда буд, садо дод. Тибқи шабакаи телевизонии  «NBC News»  баъди эълони  мавзеъгирии нав доир ба  Афғонистон Трамп якуякбора ба таклифи Принсис рӯй овардааст.

Хотиррасон менамоем 22 августи соли 2017 Трамп эълон карда буд, ки дар Афғонистон ИМА ваколати низомии худро тавсеа мебахшад ва то ба  эътидол омадани  авзоъ ва шароити бехатарӣ, Вашингтон дар Афғонистон рисолаи низомии худро идома мебахшад.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт