ИМА ба Покистон хиёнат кард

ИМА  ба Покистон хиёнат кард

 Дар пойтахти Покистон шаҳри Исломобод вазири корҳои Хориҷии Покистон Шоҳ Маҳмуд Қурашӣ роҷеъ ба маблағи 300 миллион доллари мудофиа,  ки ИМА аз пардохти он ба Покистон саркашӣ кардааст, маълумот дод. Ба андешаи Қурашӣ ин пул  кӯмакпулӣ нест, балки он аз фонде ки ба эътилофи мубориза алайҳи терроризм ( Ислом) пайвастаанд, интиқол мешавад. Ва дар ин хусус бо котиби Давлатии ИМА Майк Помпео мулоқот кардааст.

Қурашӣ таъкид намуд, ки  мубориза зидди терроризм ( Ислом) бояд дар ҳамшарикӣ роҳандозӣ шавад, Покистон вазоифи худро дар ин хусус ба таври аъло иҷро кардааст.

«Покистон ҳангоми мубориза  алайҳи терроризм  талафоти зиёд дид, маблағи бисёр ҳарҷ гардид.  Пулҳоеро ки бояд Вашингтон медод мо  дастрас накардем, балки аз ҳисоби худамон сарф намудем. Акнун мебояд ки ИМА ин пулҳо аз фонди пуштибонии эътилоф, ҷуброн кунад»- гуфт Қурашӣ.

Маълуматон бод, чанде қабл Пентагон аз ҳаракатҳои Покистон дар  фаъолияти эътилоф изҳори нигаронӣ намуд ва гуфт, ки Покистон дар ин ҷода  муваффақ нашуд ва ҳатто барои аксари гурӯҳҳои ифротӣ ин сарзамин ба маскани бехатар мубаддал ёфт. Аз ин лиҳоз Пентагон қарор кард аз додани маблағи лозимӣ саркашӣ кунад. Ҳукумати Трамп аввалҳо низ додани 255 миллион доллар кӯмаки молии низомӣ ба Покистон манъ карда  буд.

Вале бино бар талаботи ИМА, ҳукумати Покистон  бо баҳонаи мубориза зидди террор ягон соат зулму шиканҷаро алайҳи мусулмонҳо таваққуф накардааст, сиёсати одамдуздӣ ва ҳабси ноадолатонаи худро мудовимат дод. Соли 2012 неруҳои иктишофии Покистон  сухангӯи расмӣ Навид Баттро дуздида буд. То ба ҳоло тақдири Батт норавшан мондааст.

Ҳукумати худкомаи Покистон  муқобили ҷинси латиф низ зулмро раво дида,  моҳи гузашта модари чаҳор фарзанд ва омӯзгори таҳсилгоҳи машҳури исломӣ, Романа Ҳусайнро аз  манзили истиқоматиаш дуздида бурд. Баъди сипарӣ шудани ду ҳафтаи расо аз ин ҳодиса, аниқтараш субҳи 13 августи соли 2018  кормандони мақомоти қудратӣ ба хонаи доктор Рошан зада даромада,  ӯро бо ҳамсараш ба самти номаълум дуздида бурданд.

Рошан  дар  ҷомеаи мусулмонҳои Карачӣ   бо  даъват ва изҳороташ баҳри  эҳёи давлати хилофати Рошида бар асоси манҳаҷи паёмбарӣ, шӯҳрат дошт.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт