Хитой дар  Афғонистон пойгоҳи низомӣ  бунёд мекунад

Хитой дар  Афғонистон пойгоҳи низомӣ  бунёд мекунад

Хитой бо мақсади  рушди ҳамкориҳо дар мубориза зидди терроризм  дар   вилояти Бадахшон воқеъ дар қисми шимолии Афғонистон  ба сохтмони нахустин базаи низомӣ-тамринӣ  шурӯъ намуд.  Дар ин  хусус нашрияи South China Morning Post  иқтибосан аз расонаҳои худ хабар дод.

Тавре ки таъкид гардид, ба ҷои сохтмони база дастикам як баталон сафарбар  сохт, ки дорои падофанди тамринотӣ мебошад. Чунончӣ барои  гузаронидани неруҳои афғон аз машқи  низомӣ ба он ҷо мутахссисони собиқадор низ рафтанд.

Пойгоҳи мазкур аз тарафи шимол бо Тоҷикистон, аз ҷануб бо Покистон ва аз ҷониби шарқ бо вилояти худмухтори Уйғуристони Хитой ҳамсарҳад аст ва гӯё дар пайраҳаи танги миёни  баландкӯҳҳои  водии Вахон ҷойгир  мешавад.

Ин пойгоҳ  барои пешгирии хатари кишвари ҳамсоя ,  ба сабаби наздик будани минтақаи Синьцзян  ба Афғонистон, ки вақтҳои охир паиҳам чандин амалиёти ниҳебафганӣ содир шудааст, нигаронида шудааст.

 Тавре ки таъкид гардид, ин  аввалин иштироки низомии Хитой  дар Афғонистон ба шумор меравад. Соли 2017 Хитой нахустин базаи ҳарбӣ-логистикии худро дар кишвари хориҷ, аниқтараш дар давлати Ҷибутии Африқо ҷойгир карда буд. Вале контингенти асосии он базаро асосан муҳандис ва коргарон ташкил мекунад, ки бо сохтмони зерсохтори гулӯгоҳи баҳрӣ  шуӯл меварзанд.

Бино бар фикри мумайизон пойгоҳи ҳарбӣ   бо мақсади ҷилавгири ҳамлаи мусулмонҳои уйғуртабор, ки дар ҳудуди Хитой дар сафи «ДИИШ»  машқи ҳарбӣ дидаанд, бунёд мешавад.

Тавъам , Хитой мехоҳад ҳамин тариқ  амнияти  роҳҳои  тиҷоратиро таъмин намояд. ки мувофиқи лоиҳаи » Як камар, як роҳ» амалӣ мегардад.

Вале ҳоло ҳанӯз вазорати мудофиаи Хитой нақшаҳои сохтмони пойгоҳро дар Афғонистон  ба таври ошкоро тасдиқ накардааст.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт