Пулҳои  дар бонкҳои ИМА маҳфузбудаи арабҳо мусодира мешавад

Пулҳои  дар бонкҳои ИМА маҳфузбудаи арабҳо мусодира мешавад

Дар банкҳои ИМА ва Бритониё пулҳои   сарватмандони давлатҳои Ҳалиҷ, яъне Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Қувайт ва Баҳрайн маҳфуз аст, ки миқдори он баробари 4 триллион доллар мебошад. Қисми калони ин пулҳо ба Арабистони Саудӣ ва Аморати Муттаҳидаи Арабҳо таалуқманд аст. Ҳаргуна даромаде ки аз манобеи нафт ва гази табиӣ меояд, рост ба банкҳои ИМА  интиқол мешавад. Вале агар  баногаҳ ИМА бигӯяд, ки  » Ман пулҳои шуморо  мусодира кардам, дигар барнамегардонам » , онгоҳ ин мамлакатҳои ягон чора андешида наметавонанд.

Аз рӯи адешаи таҳлилгарон, феълан раисиҷумҳури ИМА Трамп назарияи «андози иловагӣ»-ро алайҳи давлатҳои дигар роҳандозӣ карданист . Аз ин лиҳоз  масъалаи мусодираи пулҳои мамлакатҳои Ҳалиҷ, ки барои банкҳои ИМА муҳим ба шумор меравад,  ҳамчу ҳалталабтарин масоил арзёбӣ мешавад. Чунки- мегӯянд  коршиносон- ҳангоми ҳамлаи 11 сентябр ва  давраи бӯҳрони ипотекаи соли 2008 ИМА барои арабҳо иҷозати гирифтани триллион долларро надод.

Сарватҳое ки алҳол Трамп бо назари тамаъ менигарад танҳо пулҳои  дар бонкбудаи Ҳалиҷ нест. Феълан дар биржаҳои фондии Ню+Йрк чандин ширкатщои Араб  бо коғазҳои қиматбаҳояшон ҳамкорӣ доранд, аз  ин  мебарояд  тақдири ин компанияҳои ИМА-Саудия зери хатар қарор дорад.

Бино бар иттилои раиси  ҷамоаи соҳибкорони Турк-Араб Ҷамолиддин Карим, тамоми даромаде ки Арабистони Саудӣ аз нафт ба даст меоварад, рост ба банкҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико интиқол меёбад.

» Мусодираи ин маблағҳо бидуни истифодабарӣ  ҳолати таасуфовар аст.  Ҳукумати араб мебоист ин маблағҳоро барои  мардуми камбизоат ҳарҷ мекард, вале мутаасифона ин даромадҳо  дар банкҳои ИМА чарх мезанад.  Эҳтимол аст Трамп ин пулҳоро ба осонӣ гирифта монад. Аз раванди  авзоъ ҳамин чизро пай бурдан мумкин аст»- гуфт Ҷамолиддин Карим.

Ба андешаи Ҷамолиддин Карим қисми калони ин маблағҳо ки дар банкҳои ИМА  қарор доранд,   мутаалиқи раҳбарони давлатҳои Ҳалиҷ,  пайвандон ва ақрабои онҳо мебошад.  Вай суханонашро бо ин алфоз идома дод: — » Миллиардерҳои араб  ҳарчанд бихоҳанду бикӯшад пулҳояшонро гирифта наметавонанд. Ин маблағҳо  ба монанди пулҳои мусодирашуда дар банкҳои ИМА карахт мемонанд. Гоҳо барои андаке истифодабарӣ иҷозат дода мешавад, гоҳе тамоман имкони дастрас кардан ба миён намеояд. Иёлоти Муттаҳида  сарони давлатҳои Ҳалиҷ, хоссатан раҳбарони Арабистони Саудиро ба худ вобаста карда гирифтааст. Онҳо ҳатто бе рухсат маҷоли ҳаракат карданро  надоранд.  Паёмади ин ҷараён мубҳам аст».

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт