Намояндагони ҷумбиши “Толибон”   аз Маскав дидан доранд

Намояндагони ҷумбиши Толибон” аз Маскав дидан доранд

Намояндагони ваколатхонаи расмии ҳаракати «Толибон»-и воқеъ дар Қатар рӯзи 4 сентябри соли ҷорӣ аз  Маскав дидан доранд.

Тибқи иттилои расонаи махфии Қобул, ташрифи сарвари ваколатхона Муҳаммад Аббос Станикзай ба Маскав тасдиқ ёфтааст.

Мувофиқи нақша ба саммити пешбинишуда, ба ғайри вакилони Русия боз намояндагони ҳукумати Хитой, Покистон, Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон низ иштирок хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, ки зимни вохӯрӣ масъалаи Афғонистон ба ҳаргуна сатҳ мавриди баррасӣ қарор меёбад. Тавре ки вакили махсуси Путин доир ба масъалаи Афғонистон  Замир Қабулов рӯзи 16 июл гуфта буд, то ба ифтитоҳи саммит, вакилони ҷумбиши Толибон  ба Москав таклиф карда мешаванд.

 Вакилони ҳаракати «Толибон» ду ҳафта қабл аз ин ба Тошканд ташриф оварда буданд, вале то ба ҳанӯз ба натоиҷи он вохӯрӣ равшанӣ наандохтанд. Сипас, расмиёни «Толибон» ба Индонезия рахти сафар баста буданд.

Туркистон: 

Сиёсати байналмилалӣ  ( яъне ИМА) ҷониби Толибон майл дорад. Агар возеҳтар карда гуфтанӣ бошем, феълан ИМА минтақаҳоеро ки  таҳти назорати Толибон қарор дорад, эътироф мекунад ва омода аст бо вай ҳамкорӣ ба роҳ монад. Дар ин рӯзҳо Ӯзбекистон раҳбарони Толибонро расман  пазироӣ намуд. Ҳол он ки  Ӯзбекистон, ҳам  Русия ва ҳатто  ИМА ва созмони ҷаҳонии СММ , ҷумбиши Толибонро ҳамчун ташкилоти «террористӣ» мешуморанд. Лекин ҳар кадоми тарафҳо ки мехоҳанд Толибонро ҷониби хеш моил созанд, бешубҳа фоидаи асосии худро мадди назари аввал қарор медиҳанд. Ҳар кадоми тарафҳо фоидаи муқобили якдигарро сари мақсад гузоштаандБа тариқи мисол ИМА тавассути Ӯзбекистон Толибонро ҷониби фоидаҳои иқтисодӣ ҷалб кардан дорад ва бо ҳамин мақсад гирди мизи мудаввари гуфтушунид фаро хонд, то ин ки сӯҳбати «дӯстона» кунад. Вале аз тарафи дигар Русия ният дорад Толибонро мусаллаҳ намояд. Чунки манфиатҳои ИМА ва Русия як нест. Агар ИМА Толибонро барои ҳамкорӣ розӣ кунонда тавонад, онгоҳ вай ба осонӣ тавассути роҳи оҳан ва лӯлаҳои нафтгузар ашёҳои хоми Ховари Миёнаро ба яғмо  мебарад. Дар натиҷаи ин ҳол, мамлакатҳои Осиёи Миёна аз мустамликаи иқтисодии Русия озод мешаванд. Аз ин рӯ, Русия ҳаргиз намехоҳад ки дар Афғонистон сулҳу субот пойдор гардад ва бо ҳамин мақсад ҳаракатҳои худро роҳандозӣ мекунад. Агар қувваташ нарасад, дар зоҳир гӯё ба ҷараёни барқарорсозии сулҳ саҳмгузор шуда, аз паёмади он фоида мебинад.

Инак олами куффор  аз мафкура ва  тамоюлҳои идоракунии пешгирифтааш рӯй гардонда истодааст ва  ҳоло инро пардапӯш карда наметавонад. Онҳо  ба хотири манфиатҳои худ ягон  ташкилотро «террористӣ»  номгузорӣ мекунанд. Сипас, агар мабодо дар ин ташкилот ягон ҷиҳати моддии барояшон фоидаовар мушоҳида кунанд, он ташкилотро аз сафи  ифротиҳо кӯр мекунанд ва ё ин ки тавъам бо интиқод, бо онҳо алоқаҳои махфӣ ба роҳ мемонанд.

Лекин дар аснои мулоқот бо онҳо, алайҳи ташкилоти дигари ба қавли онҳо ифротӣ ҷанг мебаранд ва онҳоро бо пайвандону  авлодашон торумор месозанд!  Ҳол он ки чанде қабл ҳар кадоми ингуна ташкилотро ифротӣ мехонданд.

Аз ин рӯ ягон ташкилоти исломӣ, аҳзоб ва ҷамоаҳоро раво нест ки танҳо бо манфиати худ маҳдуд шаванд. Ҳар кадоми мо муваззаф ҳастем барои олӣ кардани Ислом кӯшиш ба харҷ баремЯкояки мо ба хотири манфиати уммати исломӣ ва ҳатто барои фоидаи тамоми аҳли башар ҳаракат ба роҳ мондаем! Агар мо фақат мақсади хешро мадди назари аввал қарор диҳем ва бо ҳамин иктифо кунем, ҳаргиз уммат аз зулмат ҷониби  нур намебарояд!

Агар ба хотири ҳадафи худ ҳаракат барем, Уммати исломӣ ҳаргиз манфиатҳои минтақаашро бар ихтиёри ингуна гурӯҳҳо намесупорад. Ҳароина Уммат салтанатро ба ашхосе ки фақат аз паи фоидаи хеш кор мебарад аз дасти куффор гирифта , ба ингуна ташкилотҳо намедиҳад.

Фаромӯш насозем! Модоме як системаи идоракунандаи мабдаъӣ барпо  намешудааст, мушкилоти ҷаҳон ҳал намеёбад.  Ҳушдор бошем, агар ин ҷиҳатро мадди назари аввал қарор дода, ҳамакаса баҳри барпосозии як ситемаи соф исломӣ ҷаҳд намекардаемдар зери найранги куффор худ бо худ андармон мешавем, куффор моро сӯи  манфиатҳои моддӣ ҷалб намуда, бар доми хеш бармекашад!

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт