Путин:  Ман ба таклифи шумо розиям, фақат ба як шарт!

Путин:  Ман ба таклифи шумо розиям, фақат ба як шарт!

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба пешниҳоди Эрдуғон розӣ мешавад ва бо ба ресторан меравад, танҳо дар ҳоле ки Туркия барои гӯшти Русия бозори худро кушояд.

Дар нишасти БРИКС раисҷумҳури Туркия Таҷаб Эрдуғон ба раисҷумҳури Русия Владимир Путин пешниҳод кард, ки бо вай барои ғизои нисфирӯзӣ ба ресторан равад, хабар медиҳад РИА Новости.

Дар посух Владимир Путин шӯхиомез гуфтааст, ки дар  ҳоле пешниҳоди ҳамтои туркашро қабул мекунад, ки ба Туркия гӯшти Русия ворид шавад.

«Мо қарор додем, ки агар маҳсулоти гӯштии мо ба кишвари шумо ворид шавад ва дар ресторанҳои шумо хӯрокҳоро бо гӯшти Русия омода кунанд, он вақт бо шумо ба хӯрокхӯрӣ меравем», — қайд кард вай.

Дар нишасти БРИКС сарони Русия ва Туркия масоиили ҳамкорӣ дар масоили гардишгариву иқтисод ва вазъи Сурияро баррасӣ карданд.

Ман ин мақоларо аз сомонаи Спутник хондам. Ҳангоми хондаи ҷумлаи аввал ногаҳон бадгумонӣ маро фаро гирифт. Сад дар сад гуфтам ки  Путин ба ҳамтояш шарти сахт монда, чизи лоилоҷро талаб мекунад.  Ман гумон доштам, ки Путин чунин хоҳад гуфт:-» Агар  ҳамроҳи ман ба ресторан рафта, бо ман қадаҳеро бардоред ва нуши ҷон кунед, онгоҳ ман низ ба таклифи шумо розӣ мешавад, ана ҳамин аст шарти ман».  Аммо вақте ки мақоларо саропо хондам, ба ҳолати аз ин бадтар гувоҳ шудам.

Ҳароина, агар Путин  як раҳбари мусулмонро  зӯран  машрубот менушонд, пас айнан ҳамин раҳбар дучори лаънати Худо гардида, гуноҳкор мешуд. Аммо Путин мехоҳад на танҳо дӯсташро, балки  ба тамоми мусулмонҳо луқмаи ҳаром хӯронда, ҳалқумашро фасод созад. Дар натиҷа  мусулмонҳо то ба дараҷае рафта расанд ки дуояш мустаҷоб нашавад ва охираташ барбод гардад.

Ҷобир ибни Абдуллоҳ (раз.ан) ривоят мекунад. Паёмбари гиромӣ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд:

«لاَ يَدْخُلُ الجَنَّةَ لحمٌ نبَت مِن سُحْتٍ».

« Ҳар он ҷисме ки аз суҳт — ҳаром озуқа гирифтааст, вориди ҷаннат намешавад ». ( Ривояти Ибн Ҳиббон , Албонӣ саҳеҳ гуфтааст).

Тавре ки мебинем, мо ба душман даст дароз кунем, вай аз оринҷамон медорад.

Аллоҳи Бузург  моро аз шарри душманон  огоҳ  карда, аз оқибати дӯстӣ кардан бо душманон ҳушдор менамояд.

Гарчи Эрдуғон ба таври ошкоро арақ наменӯшад, ҳаргуна амалро таҳти фишори давлатҳои абарқурдрат анҷом медиҳад. Ва чуноне ки бо Исроил алоқаҳои махфӣ ба роҳ модааст, дақиқан бо Русия  ҳамзабон шуда, ба покии Мусулмонҳо зарар расонида, ҳаққи мусулмонҳоро зоеъ карда,  ба эътиқод хиёнат кардани вай як чизи табиӣ аст.

Як  ҷумлаи пурҳикмат ҳаст:  Ту ба ман кӣ будани дӯстатро гӯй, ман кӣ будани туро мегӯям.

Аз  ин лиҳоз, мо қатъиян ингуна гуфта метавонем ки чунин раҳбар золим аст. Раҳбаре ки фарқи дӯст ва душманро намедонад, барои ризогии душман ба ҳаргуна шартҳои вай розӣ шуда, ҳамин тариқ курсии мансабашаро муҳофизат мекунад , воқеан золим аст.

 Ингуна раҳбар ҳангоми муомила ва ба роҳ мондани алоқаҳо бо дорулкуфр танҳо обрӯи шахсӣ, фоидаи хеш ва мартабаву мансаби худро аз ҳама болотар медонад.

Ба роҳ мондани савдои машруботи масткунанда дар қаламрави Туркия, ба хотири фоида аз туризм дар лаби  соҳилҳо омода кардани пляжҳо, ки барои мардуми нимбараҳанаи авраткушо хизмат мекунад ва имкон додан ба одамфурӯшӣ ва корҳои фаҳшу мункар аз ҷумлаи  амалҳои қабеҳи онҳост.

Агар як Давлати исломӣ барпо шавад, дар сарҳади он давлат ҳаргуна маҳсулоти хӯроквориро  ба таври  қатъӣ назорат мекунад, танҳо дар сурати тафтиши том озуқаворӣ аз кишварҳои хориҷӣ ба дохили мамлакаn ворид карда мешавад.  Вале имрӯзҳо ин раҳбарони ба ном мусулмон, раҳбароне ки аз Худо заррае наметарсанд, бо эҳсосоти мусулмонҳо бозӣ карда, бо амри  нафси хеш амал мекунанд.

Бо вуҷуди ҳамин қадар қабоҳат, ҳоло ҳанӯз ба ин системаи ботил, ваъдаҳои пучи раҳбарони дурӯя, ба суханони бедарди онон бовар карда, эътимод нишон дода пайравӣ мекунед?! Биёед, андаке тафаккур намоем , дӯстро аз душман ҷудо кунем.

» Кӣ будани рафиқатро ба ман бигӯ, онгоҳ  ман  мегӯям ту кӣ ҳастӣ!».

Ассалому алайкум.

Мунаввара.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт