Вазири мудофиаи Бритониё: Русия ҳам барои мо ва ҳам барои Аврупо таҳдиди азимест

Вазири мудофиаи Бритониё: Русия ҳам барои мо ва ҳам барои Аврупо таҳдиди азимест

Ба андешаи вазири мудофиаи Бритониё  Гэвин Уилямсон Русия дар  айни маврид ба Бритониё, Аврупо ва ба  мамлакатҳои тамоми дунё таҳдидовар аст.

Рӯзи сешанбе Вазир дар  ҷаласаи ташкилкардаи Шӯрои Атлантика ширкат варзида гуфт:-» Мо агар ба авзоъи ҷаҳон дар соли 2015 назар афканданӣ бошем пас он вақтҳо Русияро ҳамчун таҳдид  ривоҷёфтаистода арзёбӣ карда будем, аммо 100 дарсад  намедонистем ки авзоъи минбаъда чигуна хоҳад буд».

«Тавре ки  бароям маълум аст аз соли 2015 инҷониб дар таҷрубаи олам пешдастии Русия мушоҳида мешавад. Гап танҳо дар хатари пешомада истодаи Бритониё ва  Аврупо нест, балки мо феълан аз хатари азим тамоми мамлакатҳои оламро ҳушдор менамоем» — илова кард ӯ.

Вазири мудофиаи Бритониё Мокваро ҷурми анҷом додани амалиётҳои махфӣ, ҳамлаи иттилоотӣ, фитнаҳои сиёсӣ ва услубҳои истифодабарии қуввати низомӣ, муттаҳам донист. Ба андешаи вай Русия ба хотири  манфиатҳои худ тамоми имкониятҳои низомтӯиро ба истифода  мебарад.

Ҳамзамон Гэвин Уилямсон Русияро  дар истифодабарӣ аз силоҳи кимёвӣ дар қаламрави Аврупо айбдор гуфт. Ҳамин тариқ вай ба заҳролудшавии  Сергей Скрипал ва духтараш Жулиан , ки моҳи марти соли ҷорӣ дар шаҳри Солсбери Бритониё рӯй дода буд, ишора кард.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт