Русия дар мубориза алайҳи терроризм (Ислом) ҳамкориро бо давлатҳои АСЕАН тақвият мебахшад

Русия дар мубориза алайҳи терроризм (Ислом) ҳамкориро бо давлатҳои АСЕАН тақвият мебахшад

Русия дар мубориза алайҳи терроризм ( Ислом) барои тақвият бахшидани ҳамкориҳо бо ташкилоти давлатҳои Осиёи Ҷануби-Шарқӣ (АСЕАН) омода аст. Дар ин хусус вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар ҷаласаи таъсисдодаи ташкилоти давлатҳои Осиёи Ҷануб- Шарқии зимни суханронӣ маълум кард.

«Бино бар қарорҳои саммити Сочӣ дар  моҳи майи соли 2016 байни Русия ва давлатҳои АСЕАН мо тайёр ҳастем ҳаракатҳои стратегиамонро бо ин мамлакатҳо муттаҳид созем. Мо бо давлатҳои АСЕАН дар ҳаргуна соҳаҳо, аз ҷумла дар мубориза зидди ифротгароӣ ва таҳдидҳои умумӣ алоқаҳо барпо мекунем ва аз рушди ҳамкориҳо мамнун ҳастем»- гуфт вазири корҳои хориҷии Русия .

Чунончӣ Лавров  дар нишасти матбуотӣ, ки баъди ҷаласа баргузор гардид  нақшаҳои минбаъдаи Русияро дар мубориза алайҳи терроризм мавриди баррасӣ қарор дод.

Лавров гуфт:-» Моҳи ноябри соли ҷорӣ дар Сингапур ҷамъомади давлатҳои Осиё ва Ҷануби Шарқӣ баргузор мегардад ва дар он ҷо ташаббуси Русия роҷеъ ба бехатарӣ муҳокима хоҳад шуд. Феълан пешниҳодоти Русия ва давлатҳои Ҷануби Шарқӣ ва Осиё  роҷеъ ба мубориза зидди терроризм ва таасубгароӣ вуҷуд дорад. Чанд сол қабл аз ин агентии Федеролии Русия банки маълумотҳоро таъсис дода буд. Ба он даҳҳо давлатҳо пайвастанд. Вай дар хусуси ашхоси ифротгар ва афроди  мусаллаҳ маълумоти амиқ  гирд меоварад».

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт