Аз як сӯ ёрдам дода , аз ҷониби дигар кушта истодааст!

Аз як сӯ ёрдам дода , аз ҷониби дигар кушта истодааст!

СММ бо аҳдномаи қабулкардааш дар Яман оташи ҷангро шӯълавар намуда, кӯдаконро ба қатлу куштор гирифтор карда, аз ҷониби дигар тавассути бунёди ЮНИСЕФ ба кӯдакони яманӣ дасти ёрӣ дароз карда истодааст.

Таи муддати тӯлонӣ  дар Яман бесуботии сиёсӣ ҳукмфармост, зеро Ҳусиҳо, ки алайҳи ҳукумат кунунӣ тазоҳурот карданд аз сентябри соли 2014 инҷониб пойтахти мамлакат Санъо ва аксари манотиқро таҳти назорати  хеш гирифтаанд. Ба неруҳои эътилофӣ бошад ИМА сарварӣ мекунад, онҳо бо баҳонаи  маҳв сохтани Ҳусиҳо Яманро гулӯлаборон карданд. Пӯшида нест ин ҳама  таҷовуз бо ихтиёр ва тасдиқи  СММ анҷом дода мешавад.

Аммо СММ паиҳам исрор дорад, ки созмони ЮНИСEФ ба кӯдакони яманӣ кӯмак надода истодааст. Чанде қабл ин бунёд  бо изҳороте баромад карда гуфт, ки ба кӯдакони ниёзманди  Яман ба миқдори 59 миллион доллар ёрдам додааст. Дар баёнот омада, ки ин ёрдам барои пешгирии сирояти иллати вабо, барои таълими бачаҳо, об, санитария, муҳофизати бачагон ва таъмини онҳо бо ғизо масраф мешавад.

Аслан,  СММ ва ИМА Шарқи Наздикро оғӯштаи хун намуд ва дар зоҳир худро ҳмчун шафиқу меҳрубону ғамгусор вонамуд намуда,  чеҳраи аслии худро пинҳон кардан дорад. Чунки СММ  маблағи ёрдампулиро  ( агар онро бо кӯмакрасонӣ монанд кардан ҷоиз бошад) аз мамлакатҳои араб  гирд меоварад. Бояд эътироф кард, ки ҳамон 59 миллион доллар ёрдампулиро бунёди ЮНИСЕФ аз Қувайт гирифтааст.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт