Коршиносони ИДМ таъсиси системаи алоқаи мушатараки неруҳои мусаллаҳро муҳокима карданд

Коршиносони ИДМ таъсиси системаи алоқаи мушатараки неруҳои мусаллаҳро муҳокима карданд

 Дар шаҳри Минск коршиносони давлатҳои ИДМ лоиҳаи созишро  марбути таъсиси системаи алоқаҳои муштараки неруҳои мусаллаҳи  Иттиҳоди давлатҳои Мустақаилро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ин хабарро “kun.uz”  пахш кардааст.

Дар хабар чунин омадааст:-» Рӯзҳои 1-2 августи соли ҷорӣ дар қумитаи Иҷроияи ИДМ,   ҷаласаи гурӯҳи коршиносон баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи системаи алоқаи муштараки неруҳои мусаллаҳи мамлакатҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил муҳокима карда шуд.

Тавре қайд гардид лоиҳаи созиш аз ҷониби Русия тарҳрезӣ шудааст.

Туркистон:

 Системаи идоракунии олам бар сарварии СММ  ба бӯҳрони шадид рӯ оварда истодааст. Солҳои ахир  ошкор гардид, ки СММ танҳо ба хотири фоидаи ИМА хизмат карда фақат дифоъ аз манфиатҳои вай мекунад.

Вақтҳои охир СММ паиҳам  аз мурдоби қарз шикоят бурда ,изҳорот дода мегӯяд, ки агар давлатҳои аъзо  сари вақт қарзҳояшонро адо накунанд, дақиқан ташкилот фаъолияти худро бас мекунад. Аз СММ бештар аз ҳама ИМА қарздор аст, агар ҳамин ҷиҳатро ба назар гирем,пас маълум мешавад худи ИМА мехоҳад ба фаъолияти СММ нуқта гузорад. Чунки дар  ИМА муаммоҳои ҷиддии иқтисодӣ пайдо шуд ва Трамп ҷаҳд дорад ин мушкилотро ба ҳар услуб бартараф созад. Аз ин лиҳоз   як қисме аз пулшӯии НАТОро бар дӯши Аврупо ва дигар давлатҳои аъзо бор кард.

Бо давлатҳои араб низ чунин муомила мекунад. Ба онҳо фишор оварда,  ба қадри имкон мехоҳад  фоидам моддӣ ва молӣ рӯёнад. Бо ҳамин мақсад  Трамп , ки намояндаи шоу бизнес аст ба сари қудрат оварда шуд. Барои гурӯҳи идоракунандаи ИМА баҳри раҳоӣ аз бӯҳрони шадид,  президент интихоб кардани як  бизнесмени  беору беномус ва кӯтоҳандешеро ба монанди Трамп шарт ва зарур буд.

Дар назари аввал чунин менамояд ки  ИМА мехоҳад  ба системаи идоракунии ҷаҳонӣ навоварӣ ворид намояд.

Чашдошт аст ба системаи идоракунии ҷаҳонӣ, ки ИМА мехоҳад ташаккул диҳад, чандин мамлакатҳои амрикопараст пайвандад ва чандин мамлакатро ИМА аз саф  хориҷ намояд. Шояд дар сафи онон Русия низ бошад. Аз ин лиҳоз Русия  шитоб дорад чандин мамлакатҳои собиқ Иттифоқи Шӯравиро таҳти таъсири хеш боқӣ гузорад.

Лекин  мавқеъи вай дар системаи ҷаҳонӣ ва сиёсати байналмилалӣ, тавъам ҳолати молиявӣ ва шароити номусоиди иқтисодӣ намегузорад    дар ин ҷода муваффақ гардад. Аз ин рӯ, Русия ба давлатҳои ИДМ танҳо имконияти низомӣ пешниҳод карда метавонаду  бас.

Ин як пешниҳоди заифтаринест, ки ба созмони байналмилалӣ обрӯву эътибори сиёсӣ оварда наметавонад!

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт