Эрдуғон вохӯрии 4 давлатро доир ба масоили Сурия маълум кард

Эрдуғон вохӯрии 4 давлатро доир ба масоили Сурия маълум кард

Бино бар иттилои  раҳбари Туркия Раҷаб Тоййиби Эрдуғон рӯзи 7 сентябри соли равон дар шаҳри Истанбул  вохӯрии раҳбарони Туркия, Русия,Олмония ва Фаронса баргузор мегардад. Ин хабарро рӯзномаи “Vatan”   пахш кардааст.

Эрдуғон дар Йоханнесбург ба суолҳои хабарнигорон роҷеъ ба  масъалаи Сурия  посух дода афзуд:- » Дар Истанбул санаи 7 сентябр байни давлатҳои Туркия, Русия, Олмония ва Фаронса мулоқот баргузор мегардад. Мо зимни вохӯрӣ ҳаракатҳои минбаъдаро муҳокима мекунед. Дар ин вохӯрии ҷаҳортарафа муаммоҳои минтақаро мавриди баррасӣ қарор хоҳем дод».

Сиёсатмадорон ҳамзамон тартиби рӯзи мулоқоти сетарафаро байни Туркия, Русия ва Эрон марбути муаммои Сурия, низ баррасӣ мекунанд.

Мувофиқи суханони Эрдуғон баъди саммити сетарафа дар Сочӣ ва Анқара, давлатҳои Туркия , Русия ва Эрон дар шаҳри Теҳрон вохӯрӣ гузаронида буданд.

Ёдовар мешавем,  саммити дуввуми   президентҳои Туркия, Русия ва Эрон  роҷеъ ба бӯҳрони Сурия рӯзи 4 апрели соли ҷорӣ дар Анқара шуда гузашт. Саммити якум 22 ноябри соли 2017 дар шаҳри Сочӣ доир гардида буд.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт