Тамрини муштараки   низомии  артиши Тоҷикистон  ва ФР бо маҳвсозии «террористҳо» поён ёфт

Тамрини муштараки   низомии  артиши Тоҷикистон  ва ФР бо маҳвсозии «террористҳо» поён ёфт

 Мувофиқи иттилои пахшкардаи агентии Sputnik  неруҳои Мусаллаҳи артиши Русия ва Тоҷикистон дар давоми як ҳафта тамрини мштараки низомӣ роҳандозӣ карданд.

Тибқи  хабарҳо  амалиёти маҳвсозии террористҳои шартӣ, ки ба ҳудуди Тоҷикистон ғайриқонунӣ убур намуданд, дар гарнизони минтақавии Хоруғ ( ҳамсарҳад бо Афғонистон), дар полигони «Ҷелондӣ» бо иштироки низомиёни ду кишвар доир гардид.

Низомиёни пойгоҳи 201 сӯи «террористҳо» ки ба  биноҳои истиқоматӣ пинҳон шудаанд, ҳамла оварда дар муддати хеле кӯтоҳ бартараф карда шуд.

«Дар қисми ниҳоӣ ҳарбиёни Русия ва Тоҷикистон ифротгаронро дар баландкӯҳҳо пайгирӣ карданд, силоҳи  Су-25   аз ҳаво зарба дода дар натиҷа  барои батамом маҳв сохтани террористҳои шартӣ , яъне «гурӯҳҳои низомии ғайриқонунӣ» муваффақ гашт»- омадааст дар хабар.

Дар машқи ҳарбӣ аз ҷониби пойгоҳи 201 -и Русия 400 хидматгузор ( бо  беш аз 80 техникаи ҳарбӣ)  ва аз тарафи Тоҷикистон 700 сарбоз бо 40 адад техникаи ҳарбӣ ширкат варзиданд. Зимни ҷараёни тамрини низомӣ беш аз 10 ҳазор афсар ва аскарони дар захира буда низ иштирок намуданд.

Туркистон

Ҳукумати Тоҷикистон шабеҳи  раҳбарони давлатҳои дигар алакай ба хидматгузори содиқи Русия табдил ёфтааст. Ин ҳолати табиӣ аст зеро Эмомалӣ Раҳмон дар мобайни 20 анд сол ба тоҷу тахти хеш мустаҳкам ҷойгир шуд, пайвандонашро низ — бузургдухтар, домодашу амакбачаҳояш  ким кайҳо  мансабу мақоми баландро соҳибӣ кардаанд. Агар як ришта канда шавад, рутбаи як авлод паҳну парешон хоҳад шуд. Аз ин лиҳоз агар Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои давлатҳои истеъморгар розӣ нашавад ва фармонбардорӣ наварзад, зарба на танҳо ба худи вай балки ба  кулли сулола  мерасад.

Алҳол Русия ба ҷуз хатари Толибон ягон баҳонаи назаррасе надорад. Чунки зимоми давлатдории ҳукумати Тоҷик танҳо дар дасти ӯ нест. Авзоъи феълии Тоҷикистонро ба масали » Қу,  шӯртан  ва харчанг» и нависандаи рус Крилов  шабоҳат додан  мумкин аст. Аз як сӯ Амрико ( Аврупо) ҳукумати тоҷикро иҷборан ба як тараф сафарбар созад, аз сӯи дигар Хитой, саввум Русия  ҷониби хеш  ҷалб кардан дорад. Аз ин лиҳоз  ҳаргуна саъю кӯшиш Русия барои боқӣ гузоштани нуфузи худ дар Тоҷикистон натиҷаи дилхоҳ намебахшад.  Пас, Русия ба ҷуз воҳимаи қалбакӣ ба ягон кори ҷиддӣ намешояд.

Зеро табақаи зиёиёни  Тоҷикистон, хоссатан журналистон ким кайҳо боз таҳти таъсири ИМА қарор доранд ва ба ҳаргуна  хабарҳои ваҳими Русия,  марбути хатари Толибон ва ДИИШ, яқинан матбуоти тоҷик саҳмгузор нахоҳад шуд.  Бар замми  ҳамаи ин  бардурӯғ будани  ингуна воҳимаҳоро радиои Озодӣ паиҳам такрор мекунад. Русия байни мусулмонҳо низ ягон низоъ  эҷод карда карда наметавонад. Гарчанд раҳбарони гурӯҳҳои мухолиф дар кишвари хориҷӣ истода мардумро ба тазоҳурот даъват мекунанд, ба туфайли бартарии сохтори диктатурӣ дар дохили кишвар, ингуна тарғибот ягон натиҷа намебахшад. Чунки халқ барои эътироз ҷуръат пайдо намекунанд. Аҳолӣ ба ҷуз тазоҳурот тавассути торнамои иҷтимоӣ ба ягон иқдоми ҷиддӣ даст намезананд. Ҳароина дар дохили мамлакат ҳаргуна афроди исёнгарро шиканҷаи шадид мунтазир аст. Ҳар касе ки зидди ҳукумат садо баланд мекунад на танҳо худ зулм мебинад, балки ба пайвандон, аҳли хонаводаи онон ҳукумат сахт фишор меоварад,  муҷозот муайян мекунад.

Феълан авзоъи Ӯзбекистон низ аз ҳамсоя бартарӣ надорад. Бо вуҷуди иваз шудани султон  сохтори дерина ҳоло ҳанӯз таъсири худро гум накардааст.

Аз ин мебарояд барои Русия  қулайтарин минтақа барои тавсеаи пойгоҳи низомӣ аз байни давлатҳои Осиёи Миёна  ин  қаламрави Қирғизистон мебошад. Пас,  агар Русия бихоҳад ки аз номи мусулмонон ягон амалиёти ниҳебафганӣ ҷорӣ карданӣ  шавад ва ё ин ки ба эҳсосоти мусулмонҳо нохун зада, ба ҷунбиш оварда,  низои хунин анҷом доданӣ бошад, алъон  барои вай шароити мусоид дар Қирғизистон ҳаст, валлоҳу аълам!

Мунаввара.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт