Шайх Солеҳ Ал-Фавзан:  Таҳқири ҳукмдорон шеваи хавориҷон аст, дар ин хусус билфосила  ҳукуматро бархурдор созед

Шайх Солеҳ АлФавзанТаҳқири ҳукмдорон шеваи хавориҷон аст, дар ин хусус билфосила  ҳукуматро бархурдор созед

Валиаҳди Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон ғайричашмдошт ба хонаи узви «Шӯрои уламои бузург»  Солеҳ Фавзан дар шаҳри Риёз ташриф овард. Фаъолон навори видеоиро  роҷеъ ба лаҳзаҳои зиёрати Шоҳзода ибни Салмонро тавассути торнамоҳои иҷтимоӣ пахш карданд.

Дар навори мазкур мушоҳида шуд, ки Шоҳзода ибни Салмон ба шайх чунин гуфт: «Эй шайхи бузург, ҳамду ситоиш ба Худованд ки шумо сиҳҳату саломат будаед. Худо хоҳад аҳволатон беҳтар  хоҳад шуд», » Ман феълан маҷлиси  шӯрои  вазиронро анҷом додам ва қабл аз сафари Ҷидда хостам ба зиёрати шумо оям».

Ҳамзамон , Шайх Фавзан  ба шоҳзода ибни Салмон барои боздид миннатдорӣ изҳор кард , ӯро ва ҳамраҳонашро ба хонааш таклиф кард. Вале шоҳзода нахост пеш аз Шайх вориди ҳуҷра гардад ва афзуд:-» Шумо падарам ҳастед ай Шайхи бузург».

Шайх Фавзан аз зиёрати шоҳзода мамнун шуд ва ба ваҷҳ омад, баъди якчанд соати сӯҳбат ҳамчун илова фатво гуфт :-» Дар ҷаласаҳои махсус таҳқир намудани ашхоси болорутба  ва уламо  раво нест, балки ин шеваи хавориҷон аст. Шарт аст дар хусуси ингуна афрод ба зудӣ ҳукуматро бохабар кард».

Вақте ки ҳукми шаръӣ пурсида шуд Шайх Фавзон ингуна посух дод:-» Ҳар кадоме чунин ҳолатро мушоҳида кард,  дарҳол ӯро аз ин аъмол боздорад. Агар қабул  накунад ва дар афкори хеш истодагарӣ намояд билфосила дар ин хусус ба ҳукумат хабар диҳед. Чунки вай хавориҷ аст».

Баъди зиёрат фаъолон фатовои Шайх Фавзонро , ки тариқи аудио баромад карда буд, пахш намуданд. Вай  гуфтааст»  ҳамон нафаре ки дар маҷлисҳои хусусӣ ҳукмдоронро таҳқир мекунад ҳавориҷ аст».

Мувофиқи хабарҳо зиёрати Шайх Фавзан аз ҷониби Муҳаммад ибни Салмон ва эҳтиром нишон додани ӯ бидуни мақсад нест. Тибқи андешаи таҳлилгарон, шоҳзода  бо зиёраташ гӯё аз шайх дархост  барои  боқӣ мондани ҳукумати ибни Салмон саҳмгузор бошад ва аз халқ итоатро ба ҳукумати феълӣ талаб намояд. Ё  ин ки шоҳзода бо ин зиёраташ хост  ба дастгирии фатовои додааш, хоссатан фатво оид ба масъалаи занон, аз ҷониби шайх аз дастгирӣ бубинад ва ба ташаккури шайх ноил гардад.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт