Қирғизистон марзи худро қавӣ карда истодааст

Қирғизистон марзи худро қавӣ карда истодааст

Мувофиқи иттилои раиси хадамоти марзӣ Уларбек Шаршеев, Қирғизистон бо мақсади мубориза алайҳи ифротгароӣ  нуқтаҳои назоратии иловагӣ насб карданист. Ин хабарро агентти «Қабар» пахш намуд. Ба андешаи Шаршеев, Афғонистон ба Қирғизистон хатари ҷудогона тавлид менамояд.

 Дар хабар омадааст, ки вақтҳои охир ташкилотҳои террористӣ, хоссатан ҳаракати «Толибон» ва «ДИИШ» бо неруҳои азим  дар сарҳадҳои якчанд давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷойгир шудаанд. Бино бар маълумоти вопасин, бештар аз 10 ҳазор ҷангҷӯ мавҷуд аст ва ин ҳол  бечунучаро ба авзоъи Қирғизистон таъсир мерасонад.

» Аз ҳамин  сабаб,  бо мақсади ҷилавгирӣ аз убури аъзои ташкилотҳои террористӣ тасмим гирифтем ба минтақаҳои дурдасти кишварамон  ситоди гурӯҳи марзӣ-ҷустуҷӯӣ сафарбар созем. Бар замми ин, нуқтаҳои назоратии иловагӣ низ насб карда мешавад» — гуфт Шаршеев .

Туркистон:

Аслан воҳимаи «ДИИШ» лоиҳаи ИМА буд, инак Русия низ аз ин воҳима баҳри мақсади хеш истифода бурдан дорад ва барои тақвият бахшидани иштироки низомии худ дар қаламрави Осиёи Марказӣ ҷаҳд дорад. Аз ингуна тарғиботи  ваҳими Русия давлатҳои заифи минтақа ба монанди Қирғизистон ва Тоҷикистон  ба тарсу ҳарос афтоданд, раҳбарони давлатҳои дигар бошад дар паи боқӣ гузоштан ва   тақвият додани тоҷу таҳт истифода бурда истодаанд.

Агар мантиқан тафаккур карданӣ бошем на «Толибон» ва на «ДИИШ» дорои як мамлакате намебошанд ки мақоми давлатиро дошта бошад. Ва соҳиби ҳудуди марзи худ  нестанд.  Онҳо фақат як ҷумбиши исломӣ ва ё ташкилот ҳастанду бас. Онҳо ҳатто тавони истеҳсоли аслиҳаро  ннадоранд. Пас, яқинан аз ҷониби онҳо ягон хавфу хатар сар намезанад.  Фарз кардем онҳо тарафи Осиёи Миёна юриш карданӣ  бошанд, азбаски қуввати аслиҳатайёркуниро надоранд, зарурате пеш меояд ки кадоме давлати дорои қувват  ҳаст, онҳоро бо силоҳ таъмин намояд. Ва  дар сари мақсади муайн сафарбар созад.

Агарчанде маълумоти ваҳими раҳбари хадамоти марзии Қирғизистон  ҳақиқат дошта бошад ҳам,   дар ин кор бешубҳа Русия даст дорад. Русия бо баҳонаи  таъмини амният дар Қирғизистон дар Қант пойгоҳи низомии худро барпо кардааст, акнун мехоҳад айни базаро дар қисми ҷануби мамлакат барпо созад, тавсеа диҳад.

Дар назари аввал чунин менамояд, ки олами куффор  гӯё ба як такони  шадид дар Осиёи Марказӣ тайёрӣ дида истодааст. Онҳо раҳбарони ба худ моилро гирди худ ҷамъ оварда, тавассути онон рӯйкарди зӯроваронаро дар минтақа шиддат медиҳанд ва ҳамин тариқ  ният доранд  ҳолати ҷангро пайдо созанд. Чунки воҳимаи  Афғонистон барои ҷорӣ кардани ин нақша як баҳонаи тайёр шуд. Дар паёмади ин кор байни давлат ва мусулмонҳо ҷарӣ пайдо мешавад, яке аз дигаре дуртар мегардад ва ҳисси адовати мардум ба ҳокимият шарора мезанад.

 Ба ингуна раҳбарони хиёнатпеша куффор ҳаёти тинҷу осоишта ва фаровон ваъда медиҳанд, аз ин лиҳоз дидигони онҳо ба ҷуз фоидаи хеш чизи дигарро намебинанд, дарди мардумро эҳсос намекунанд, баҳри ризогии ҳоҷагонашон мекӯшанду халос. Мутаасифона раҳбарони хиёнатпеша мамлакатҳоро ба лаби ҷарӣ бурда истодаанд.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт