Ихроҷи шаҳрванди Ўзбекистон  аз  Истанбул ба Тошканд

Ихроҷи шаҳрванди Ўзбекистон  аз  Истанбул ба Тошканд

 Шаҳрванди Ӯзбекистон Зокир Раҳимов аз ҷониби мақомоти қудратӣ боздошт шуда ба кишвари худ ихроҷ  карда шуд. Дар ин хусус хадамоти бехатарии Ӯзбекистон маълум кардааст. Бино бар  хабари пахшкардаи агентии Спутник, Зокир Раҳимов зимни амалиёте ки аз тарафи хадамоти бехатарии Ӯзбекистон роҳандозӣ намуд аз Туркия  ихроҷ  гардида ба Ӯзбекистон  оварда шудааст.

Дар изҳороти бехатарии Ӯзбекистон омадааст:-» Дар натиҷаи амалиёти ҷоришуда, яке аз узви фаъоли ташкилотҳои ифротӣ, шаҳрванди Ӯзбекистон Зоҳир Раҳимов аз Туркия ба Ӯзбекистон оварда шуд».

Мувофиқи баёнот, Раҳимов аз соли 1994  инҷониб узви ташкилоти ҷиҳодӣ буда, соли 1999 тавассути роҳҳои ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон гузашт,  сипас ба «Ҳаракати Исломии Туркистон» пайвастааст ва аз  он ҷо ба Афғонистон убур мекунад.

Ба монанди ихроҷи Зокир Раҳимов, аксарияти шӯъбаҳои иктишофии хориҷӣ дар Туркия  алайҳи ашхосе ки  мехоҳанд боздошт кунанд, бо роҳҳои мухталиф амалиётҳо ҷорӣ  менамоянд. Чанде қабл  ҳодисаҳои куштори Мусулмонони чечентабор, ки  бо иттиҳоми амалиёти  » Худкушони Чечен»  айбдор донистанд,    ба роҳ монда шуд.

Бештари Мусулмонҳо, ки аз давлатҳои Туркманистон, Қирғизистон, Чеченистон ва ҳоказо омада дар Туркия паноҳанда шудаанд,  баъзан аз ҷониби неруҳои  разведкаи давлатҳои мазкур , тавассути амалиётҳои гуногун, гоҳо бо ихроҷи ҳукумати Туркия , ба  кишвари худашон зӯран оварда мешаванд.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт