Бештари сарбозон яҳудӣ маводи мухаддир истеъмол мекунанд

Бештари сарбозон яҳудӣ маводи мухаддир истеъмол мекунанд

Аз рӯи омори агентии мубориза алайҳи маводири муҳаддир дар ( Исроил), дар сафи  артиши яҳуд теъдоди аскарони истеъмолкунандаи маводи муҳаддир  рӯзафзун тавсеа  дорад.

Тибқи тадқиқоти агентӣ,  аз нисф зиёди аскарони яҳудӣ,  аниқтараш 54,3 фисади онон ҳадди ақал дар як сол як маротиба маводи муҳаддир истеъмол мекардаанд. Дар худи як моҳи гузашта, теъдоди низомиёни  аз  наркотик мастшуда аз 40 фоиз зиёдтар шудаанд. Чунончӣ маълум гардид ки назар ба соли 2009 имсол  ба  шумораи низомиёни  масту мадҳуш боз 11 дарсад  илова шуд.

Ба аксарият низомиён, ки маводи муҳаддир истеъмол карда, «қаҳрамонона» кӯдакони фаластинӣ ва занону духтаронро бераҳмона мекушанд, ҳамчун ҷиноятпеша  муҷозот муайян мешуд. Ҳатто ҳумки зиндон ҳам истифода мешуд. Вале аз моҳи январи соли 2017 инҷониб қонуни мамнӯъи маводи муҳаддир дар сафи артиши яҳудӣ бекор гардид.  Минбаъд  фақат барои касоне ки бештар аз панҷ маротиба банг кашидаанд,  ба ҷои ҳукми зиндон ҷазои интизомӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ  истифода бурда мешавад.

Аз рӯи андешаи мутахассисон, ин қарор бо мақсади сабукдӯш кардани аскарони маст аз муҷозот, тавъам барои омода намудани боз як имкон ба аскарони » муҷрим» қабул карда шудааст.

ба дӯстонатон ирсол намоед

Назардошт